Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам”-и ноҳияи Кӯшониён
26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” шинос шуданд. Нахуст Пешвои миллат дар Кооперативи мазкур аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони деҳоти Навбаҳор дидан карданд. Мавриди зикр аст, ки дар деҳоти Навбаҳор майдони умумии заминҳои корам 2146 гектарро ташкил менамояд. Дурнамои кишт дар соли 2021 дар деҳоти мазкур 1864 гектар аз ҷумла, ғалладонагӣ 151 гектар, зироатҳои техникӣ 1137 гектар, катошка 60 гектар ва сабзавот 196 гектар муайян гардидааст. Дар деҳоти Навбаҳор 261 хоҷагии деҳқонӣ барои афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ заминҳои ҳудуди деҳотро мақсаднок истифода менамоянд. Аснои муаррифии дастовардҳои аҳли заҳмати деҳоти мазкур иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи маҳсулоти истеҳсолгардида дорои сифати баланд буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад ва талабот ба ин гуна маҳсулот зиёд аст. Ҳамин аст, ки соҳибкорони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамасола бо хоҷагидорони деҳоти мазкур шартнома баста, ҳангоми ҷамъоварии ҳосил маҳсулоти ниёзи аввали сокинонро дар бозору марказҳои савдои мамлакат ба фурӯш мебароранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз гармхонаҳои таъсиснамудани аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” дидан карданд. Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” дар майдони 16, 3 гектар таъсис дода шуда, самти асосии фаъолияти хоҷагидоронро парвариши маҳсулоти барвақтӣ ташкил медиҳад. Дар хоҷагии мазкур 27 нафар саҳмдор буда, дар майдони 1,2 гектар гармхонаи доимоамалкунанда ташкил карда шудааст. Дар 20 гармхонаи таъсисдодашуда аҳли заҳмат ба кишт ва парвариши помидор, бодиринг, боимҷон, қаламфур ва қаламфури булғорӣ машғуланд. Дар гармхонаҳои мазкур 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, бо фаро расидани корҳои мавсимӣ ин шумора ба 40-50 нафар расонида мешавад. Ҳамчунин аҳли заҳмат дар 2 гармхонаи дигар барои омода кардани кучат қаланфури булғорӣ, боимҷон ва қаламфур кишт кардаанд. Айни ҳол кучатҳои мазкур барои гузаронидан ба гармхонаҳо омода шудааст. Коргарони Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” дар мавсими кишт дар майдони 0,5 гектар картошка, 0,8 гектар карам, 2 гектар лаблабу ва 2 гектар боимҷон шинонидаанд. Дастрас намудани тухмии дорои сифати баланд ва ба муҳит мувофиқ, истифодаи роҳу усулҳои муосири парвариш ва заҳмати пайваста ба ҳолати сабзиш ва нашъунамои хуби ниҳолон замина гузоштааст. Ҳамчунин дар Кооперативи тиҷоратӣ хӯрокҳои миллӣ, ки аз ҷониби кадбонувони деҳоти Навбаҳор омода карда шуда буд, муаррифӣ гардид. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат ба кишти пунбадона оғоз бахшиданд. Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда хоҷагидорон дар мавсими ҷорӣ дар майдони 10,4 гектар кишти пунбадона мегузаронанд. Сарвари давлат ба хоҷагидорони Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” барои боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, зиёд намудани шумораи кормандон, истифодаи тавсияи олимони соҳа ва дигар тадбирҳои зарурӣ, дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.