Кӯшониён: “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”, дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, даъвати шашум мавриди баррасӣ қарор гирифт
Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, Гадоев Шамсиддин, муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон ва бо иштироки вакилон, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаю бахшҳо, сарварони муасисаҳои таълимӣ ва роҳбарони хоҷагиҳо иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, даъвати шашум доир гардид. Сараввал Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раиси ноҳияи Кӯшониён вакилонро бо рӯзномаи иҷлосия шинос намуданд. Рӯзномаи иҷлосия аз масъалаҳои зерин иборат буд. 1. Оид ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 27 августи соли 2018, №749, дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 3 июли соли 2018,№165 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, № 285 “Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия “Оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо коррупсия ва зидди маводи нашъаовар”.3. Ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Заргар”№35. 4. Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия.
Аз рӯи масъалаи 1-уми рӯзномаи иҷлосия, рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 27 августи соли 2018, №749, дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 3 июли соли 2018,№165 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, № 285 “Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” Сафарзода Шариф, муовини раиси ноҳия ҳисобот дод. Аз рӯи масъалаи мазкур инчунин якчанд вакилон ва роҳбарони ташкилоту идораҳо, ки вакил нестанд ба музокира баромаданд. Аз рӯи масъалаи 2-юми иҷлосия, Пиров Исроил раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия “Оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо коррупсия ва зидди маводи нашъаовар” суханронӣ намуд. Аз рӯи масъалаи мазкур низ прокурори ноҳияи Кӯшониён ва сардори КДАМ дар ноҳияи Кӯшониён суханронӣ намуданд. Баъд аз баррасии масъалаҳои дигари рӯзномаи иҷлосия Гадоев Шамсиддин, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон суханронӣ намуданд. Дар фарҷоми кори иҷлосия раиси ноҳия, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо фаъолони вилояти Хатлон доир гардид, ба вакилон ва масъулин супоришҳои мушаххас доданд. Ба ҳамин кори иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, даъвати шашум бо садо додани суруди миллӣ ба анҷом расид.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён