Кӯшониён: Сафарбаргардидани ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ва супоридани Шаҳодатномаҳои ронандагӣ, дар “Рӯзи даъватшаванда”

   “Тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ аз тайёр кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлати худ, рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад”.

    Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

   Имрӯз, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2021, №141 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, дар назди бинои Кохи фарҳангӣ ва комиссариати њарбии ноњия чорабинии тантанавӣ, гусели 40 нафар ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, ҷавонон, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва волидони наваскарон баргузор гардид. Дар суханронии худ Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия қайд намуданд, ки мо фаъолон, пеш аз ҳама вазифадорем, ки дар таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳифзи муққадасоти миллӣ, амну субот ҳимояи марзу буми кишвари азизамон ва баланд бардоштани масъулияти ҷавонони азизи ноҳия тадбирҳои заруриро амалӣ намоем. Ҳамзамон раиси ноҳия миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба тамоми волидони ҷавонони ихтиёрӣ сафарбаршуда расонида, ба ҷавонони сарбаланди ноҳия баҳри адои содиқонаи хизмати ҳарбӣ сарбаландӣ, тансиҳатӣ, некномӣ ва дигар тамманиёти некро баён намуданд. Сипас якчанд ҷавонони сафарбаршуда баромад намуда, миннатдории тамоми ҷавонони ноҳияро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, барои шароити мусоид фароҳам овардан дар тамоми ҷабҳаҳо баён намуданд. Ҷиҳати ҳавасмандии ҷавонон, дар рафти чорабинӣ марҳилаи аввали супоридани Шаҳодатномаҳои хатми курси ронандагӣ низ аз тарафи роҳбарияти ноҳия ба ҷавонони даъватшаванда супорида шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо якчанд сурудҳои ватандӯстона, иштирокчиёни чорабиниро болидахотир намуданд.

2_79.jpg 3_87.jpg 4_60.jpg 5_54.jpg 6_48.jpg 7_43.jpg 8_40.jpg 9_30.jpg 10_24.jpg 11_41.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.