ВОКУНИШ: Таи чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ навори видеоиро нишон медиҳанд, ки дар он гурӯҳӣ 24 гирдиҳамоӣ ташкил намудаанд. Ба ин гирдиҳамоӣ чанд нафар ҷавонони тоҷикӣ фирефтаву гумроҳгардида ҳамроҳӣ намуда, нисбати Тоҷикистону Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бадгӯӣ мекунанд. Онҳо нобиноёна дастовардҳои Тоҷикистонро, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат ба даст омадааст, нодида гирифта, худро ҳомии озодӣ ва мусалмони асил меҳисобанд. Хиёнаткорони дур аз Ватан лофи беҳуда мезананду суханҳои сафсата мегӯянд аз кишварҳои хориҷ санги маломат ба сари ҳамдиёрони худ мезананд, ки ҳеҷ ба ҳақиқат рост намеояд. Ташкилкунандагони ин гирдиҳамоӣ пайравони ташкилоти экстремистӣ террористии ҲНИТ буда, ҳамчун фурӯхташудагон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ мардумро ба равияи ваҳобӣ ҷалб менамуданд. Исломро ҳамчун ниқоб истифода намуда, сафи худро аз ҳисоби ҷавонони раҳгумзада, ки аз Ислом фарсахҳо дур буданд, зиёд намуда, ба амалҳои ифротгароӣ ҷалб менамуданд. барои мозери парчами Ислом амал намудани бераҳмиву амалҳои хунхоронаи ҳаракатҳои «Ал-қоида», «Ал-фаҷр», «Толибон», «Ихвон-ул-муслимин», «Давлати исломӣ» ва ғайра маълум буда, фаъолияти иғвогаронаи онҳоро сахт маҳкум менамоем.
Ҳар як ватандор дар муқобили ҳама гуна хатаре, ки ба давлат ва ватани ӯ таҳдид мекунад, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили он хатар мубориза мебарад. Вале дар масъалаи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ бояд гуфт, ки хатари он на танҳо ба ҳукумат ва сохтори сиёсӣ набуда, балки хатари он бевосита ба ҳар як нафари мо равона шудааст, зеро онҳо на танҳо ба давлат ва сохти конститутсионии мо, балки ба рӯзгори ободу осудаи мо, ба тарзи зиндагии шахсии ҳар яки мо, ба хонаву молу мулки ҳамаи мо, ба модару хоҳари ҳар яки мо, ба фарзанди ҳар яки мо бевосита таҳдид мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи саодату сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ раҳнамои беамсолӣ фардои ободӣ миллату давлат буда, ҷойҳои хоса доранд ва мо дар ободӣ миллату давлат буда, ҷойгоҳи хоса доранд ва мо дар пайравии амалҳои неки ин марди сиёсатмадор намегузорем, ки нохалафе ба кишвари мо таҳдиде дошта бошад.
Валиев Дилшод, сармутахассис оид ба корҳои дини Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён