Ҳадаф: таъмини зиндагии шоиста.
Ман аз он хушнуд ҳастам, ки дар суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон, дар ноҳияи Кӯшониён 26 марти соли 2021 иштирок намудам. Зимни баромад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илму маориф татбиқи сиёсати ҷавонон, занон, рушди деҳот, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, таъмини ҷойҳои нави корӣ, захира намудани хурока ва бо ин васила таъмини озуқавории мамлакат ироа гардид. Ҳамзамон, оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои корам, наздиҳавлигӣ ва дар як сол руёнидани ҳосил 3-4 маротиба, зиёд намудани гармхона ва махсусан ободониро аз хонаву дари худамон оғоз намудан сахт таъкид намуданд. Дар ҳақиқат вақте, ки зан-модар хонаву дари худро ободу тоза нигоҳ медорад ва фарзандонро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, худшиносӣ, дӯст доштани модар-Ватан тарбия менамояд, ватан обод мешавад. Беҳтарин, сухан ва каломи Пешвои миллат, даъват ба созандагию бунёдкорӣ, расидан ба таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванд аст. Бинобар ин, мо ҳама мардуми ноҳияи Кӯшониён дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон якҷоя камари ҳиммат баста барои пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҷиҳати ҷомаи амал пушонидани тадбирҳои муҳими давлатӣ якдилона мусоидат намоем. Бовар дорам, ки мардуми шарафманди ноҳияи Кӯшониён барои зиндагии шоиста ва арзандаи худ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад.
Изатуллозода Бибигул, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён