Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 10 марти соли 2021, №141 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии
шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, дар бинои Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия бо иштироки Д.Шукруллозода, раиси комиссияи даъват, муовини раиси ноҳия, комиссари ҳарбии ноҳия, раиси Ҷамоати деҳоти Заргар, раисони маҳал ва имомхатибони Ҷамоат вохӯрӣ доир гардид. Ҳангоми суханронӣ Д.Шукруллозода, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти мамлакат тамоми чораҳои заруриро андешида, корҳои фахмондадиҳиро бо аҳолӣ дуруст ба роҳ монанд. Қайд гардид, ки ҷиҳати ҳавасмандии ҷавонони синни даъватӣ курсҳои ронандагӣ бо гирифтани ройгони Шаҳодатномаи ронандагӣ ва дигар курсҳои касбомӯзӣ ба роҳ монда шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат намоянд. Чунин вохӯриҳо тибқи нақша, дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир гардида истодаанд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён