ВОКУНИШ: Тоҷикистони азиз бо сиёсати хирадмандона ва сулҳофаринонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз зебову обод гашта истодааст. Пас моро лозим аст, ки шукр аз Ватани амну обод кунем, ки кору фаъолияту ибодати озод ба ҳамаи мо муяссар аст. Албатта ин амну ободӣ ба туфайли истиқлолияти давлатӣ, саъю кӯшиш ва заҳматҳои шабонарӯзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқи меҳнатқарини тоҷик ба даст омадааст. Ҳамаи мо медонем, ки дар Сурияву Ироқ, Афғонистону Либия ва дигар минтақаҳои ҷаҳон ҳамоно амалҳои террористӣ анҷом дода шуд, теъдоди зиёди одамон кушта ва шаҳру деҳот хароб мегардад. Сокинони минтақаҳои ҷангзада дар орзуи сулҳу субот ҷон месупоранд, аммо ба даст омадани фазои амну ором ба онҳо муяссар намешавад. Сарчашмаи ҳаммаи ин харобиҳо аз ҷудои-андозӣ ва фитнаву фиреби баъзе аз ҷавонони бефарҳанг сурат гирифт, дар ҳоле, ки ҷавонон саводи кофии сиёсатшиносӣ ва ҷамъиятшиносиро доро нестанд. Кур курона амал мекунанд ва ба суханони пучу бемантиқи даъватгарон пайравӣ мекунанд. Яке аз ин даъватгарон шаҳрванди истихроҷ кардаи Руссия ба Тоҷикистон Иззат Амон мебошад, ки ба сабаби шикояти шаҳрвандон барои қаллобӣ ва фиребгарӣ ба Тоҷикистон хориҷ карда шуд. Ҳарчанд, ки шаҳрвандии Руссияро доро буд бинобар амалҳои нобахирадонаи ӯ давлати Руссия шаҳрвандии ӯро бекор карда ба ватани падарии худ истихроҷ кард.
Бубинем ҳарчанд, ки Иззат Амон ба макру ҳилла намудан бо истифода фазои интернетӣ таблиғот бурда гапҳои бардурӯғу беасос гуфта ба ин васила мехост ҷавонони миллати моро гумроҳ сохта ва зиддӣ сохти конститутсионии давлати модарии худ истифода бурда ба вартаи ҳалокат афканад. Пас чӣ гуна давлат ба амалҳои иғвоангезонаи Иззат Амон назар накунад ва чаро набинад. Дар ҳоле, ки Иззат Амон аз номи ислом сухат мегӯяд, ояту ҳадис меорад мехоҳад ба ин васила ба ғаразҳои худ ноил шавад. Чунончи дар урфият мегӯянд ҳар иғвоангез-фитнагар ба мақсади худ намерасад. Дар асл фитна дар шариати мо ҳаром буда, Худованд ва пайғамбари Худо ҳаммаи уматро аз фитна кардан бо ҳамдигар боз доштаанд. Дар ҳоле, ки Иззат Амон дар баъзе баромадҳояш дар шабакаҳои интернетӣ сухан аз итоат накардан Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ баён дошта дар ҳисси ватандӯстии ҷавонони миллати тоҷик рахна эҷод мекунад, ки ба мисли таблиғгарони ТЭТ ҲН ва гурӯҳи 24.
Яке аз роҳҳои асосии ҳифзи амну суббот ин итоат ва фармонбардории роҳбарон аст, ки дар суханони Иззат Амон хилофи ин мушоҳида мешавад. Ба итоату фармонбардорӣ ҳаёти инсон дар ҷамъият аз ҳама ҷиҳат амну ором мегузарад, мурод аз роҳбарон давлатдоронанд. Воқеан, он саллоҳият ва ободие, ки Роҳбари давлати мо барои ҳамватанон оварда истодаанд, чунон зиёд аст, ки танҳо шахси муғриз, кӯрнамак ва ношукр онҳоро дида наметавонад. Дар китоби “Ҷомеу-л-улум” омадааст, ки “Ба роҳбарон гӯш кардан ва аз эшон итоат кардан дар ин саодатмандии дунёст. Зеро ба туфайли онҳо масолеҳи бандагон дар зиндагиашон муназзам мешавад ва ба туфайли онҳо дин ва тоати Парвардигорашонро изҳор мекунанд”. Аз тоати роҳбарони давлат баромадан ва муқобили онҳо мубориза ва ташвиқот бурдан, хоҳ дар дохили кишвар бошад, хоҳ дар хориҷ, ин кор гуноҳ ва мухолифат аз Худо ва мухолифат аз пайғамбари ӯст ва низ мухолифат аз ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат бахусус мазҳаби Ҳанафӣ аст.
Худованд дар ин маврид фармудааст:
“Эй муъминон, Худоро фармонбарӣ кунед ва Пайғамбарро фармонравоён, яъне ҳокимонро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед”. Фитна хоҳ дар дохили кишвар бошад, хоҳ дар берун неъмати амну амониро нест мегардонад. Пас дар натиҷа ҳаёте, ки писандидааст ба зиндагии танг мубаддал мешавад ва дину диндорӣ аз даст меравад. Дар кадом кишваре, ки гурӯҳҳои сиёсӣ ва ғайрисиёсӣ ба монанди Иззат Амон ва ғайра ташкил шавад, ҳатман аъзоёни ин гурӯҳҳо кишварро ба хотири ба ҳадафи худ расидан ба хароби ва шикаст меоранд, зеро ҳардастак худро ҳақ мешуморад. Аммо маълум аст, ки ҳақ дуто намебошад балки яктост. Худованд мефармояд мебошед аз ононе, ки дини худро пароканда сохтанд ва гурӯҳ-гурӯҳ ҷудо шуданд. Ояти мазкур далолат ба он мекунанд, ки ислом гурӯҳбозӣ ҳизбгароиро ҳаром қарор медиҳад, гарчи пайравони дин чунин ҳазоро аз ҷаҳолат дониста қабул надоранд. Воқеан, ношукрии неъмати амн ва вайрон кардани низоми он аз ҷаҳолат аст.
Ҳифзи аммонии ватан корест, ки ба ҳар фарди мусалмон ва сокини ин кишвар вобастагӣ дорад ва ҳаммаи мо дар нигоҳдошти сулҳу суббот вазифадорем. Бинобар ин, мо бояд тамоми имкониятҳоро истифода барем ва барои амну суботи кишвари азизамон талош варзем. Танҳо ваҳдат, иттиҳод ва якдили метавонад ватани моро аз ҳар бадии ҳаргуна шахсони даъватгари интернети ба мисли Иззат Амон ва ҳар гуна равия, мазҳаб ва ҳизбу ҳаракатҳои ботил нигоҳ дорем.
А.Алиев, мудири бахши танзими анъана ва ҷашну
маросими ноҳияи Кӯшониён