Имрӯз, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2021, №141 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии
шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” дар толори комиссариати ҳарбии ноҳия вохӯрии Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия ва роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо раисони маҳаллӣ ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ин вохӯрӣ, пеш аз ҳама иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳал, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён