Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Беморхонаи марказии ноҳия ва умуман ба соҳаи тандурустӣ, миқдори 26 номгуй таҷҳизоти нави тиббии замонавӣ, ба миқдори 145 адад дастрас гардид, ки барои боз ҳам хубтару беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён аз дастгириҳои пайвастаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустии ноҳия бархурдор буда, миннатдории хешро баён менамояд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён