Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолони вилояти Хатлон ва тибқи нақшаи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Кӯшониён, имрӯз дар маркази ноҳия, ярмаркаи навбатии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар чорабинӣ 9 ташкилоту идораҳои ноҳия иштирок намуда, 149 ҷойи корӣ холӣ пешниҳод намуданд. Шаҳрвандони бекоре, ки дар чорабинӣ иштирок доштанд, аз ин 15 нафар роҳхат гирифта, 20 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Бояд қайд намуд, ки бештар баргузор гаштани чунин ярмаркаҳои вазифаҳои озод ба кор таъмин гаштани шаҳрвандони бекор ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани онҳо мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён