Тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вобаста ба таҷлили ҷашни бошукуҳӣ миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 121 деҳаю маҳаллаҳои ноҳия чорабиниҳои идонаи оммавӣ аз оғози сол баргузор гашта истодааст. Имрӯз, дар деҳаи Сароби Ҷамоати деҳоти Ориён, бо иштироки Бибигул Изатуллозода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Маҳмадализода Шукрона мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, кормандони мактаби варзишӣ ва фаъолони деҳа чорабинии идона баргузор гардид. Дар доираи чорабинӣ, якчанд озмунҳо аз қабили “Нонпази беҳтарини маҳал”, “Қадбонуи беҳтарин”, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳфилҳои шеърхонӣ, чорабиниҳои варзишӣ доир гардид. Бибигул Изатуллозода, ҳамаи сокинони ин деҳаро бо санаи муҳими таърихӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, баҳри дар сатҳи баланди маънавию сиёсӣ ташкил намудани чорабинӣ, ба сокинони деҳа миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро баён намуданд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён