Дар давлатҳои бисёри руи ҷаҳон ( хусусан Аврупои ғарбӣ ) бисёр намуди замбуруғҳои хушхуру - безарар дар шароити сунъи парвариш карда мешавад ва дар мағоза фурухта мешаванд, ки фисаднокии заҳрнокии онҳо ба сифр % баробар аст. Аслан дар халқ як ақидае аст, ки гўё одам дар фасли расидани замбуруғҳо онҳоро чинад ва истифода барад; гӯё руҳаш тозаю фикраш солим мегардад, ва замбуруғчиниро як шикори “ором” ҳисобида, ба чиниши онҳо мебароянд ва хатогиҳои ҷиддиро ба амал меоранд, боиси бистари ба беморхонаҳо шуда, ҳатто ба қурбониҳои ин замбуруғҳо мубаддал мегарданд, ки заҳрнокиашон боло буда, ҳатто илми тиб дар айнан ҳолатҳо оҷиз мемонад. Барои эмин мондан аз ин ҳолатҳо ба куҳу –адирҳо, боғҳо рафта замбуруғ чиндан лозим нест. Айнан замбуруғҳо худро, дар як намуди зебои нишондод карда, ҷалби инсонро ба худ мекашанд, ки дар ҳамин ҳолат, дар ҳолати ду дилаги онҳоро гузар карда лозим аст, бигзор онҳоро ҳайвоноти ҳамон қитъа истеъмол намоянд, ки ба онҳо безараранд. Вақте, ки шумо дар ҷангалу кӯҳҳо сайр мекунед, ба онҳо сару- кор накунед, нарасед. Онҳо худро дар намуди зебои ва ҷалбовар намоиш медиҳанд, ки хушбуй-ароматӣ, аслан заҳровар мебошанд! Ба ин намуд, ПАРИДАРАНГ(БЛЕДНАЯ ПОГАНКА) дохил шуда, аз ҳама заҳролудтарин мебошад! Ба ақидаи халқ гӯё заҳрҳои онҳо дар вақти тайёр кардан дар пиёз сиёҳ шуда, безарар мешаванд (ин таъсири ферменти ТИРОЗИНАЗА мебошад)ё ин, ки қошуқи нуқрагӣ қабат мегирад (ин таъсири аминокислотаҳои замбуруғҳо)гӯё безарар мегардад, айни ҳол ин тавр нест. Дар айни замон аз ҳама хатарнок замбуруғ ин ПАРИДАРАНГ мебошад, ки заҳри “ФАЛЛОИДИН” дорад- ин заҳр дар маҳлулҳо об намешавад ва фисаднокии марговарии худро дар ҳарорати баланд нигоҳ медорад. Чи тавре, ки маълум аст, ки аломатҳои заҳролудшавии пас аз истеъмоли замбуруғ дар давоми 1-ум-3юм шабонарӯзӣ пайдо мешаванд.
Дар аввал:
- ногаҳон пастшавии ҳарорати бадан
- сардарди сахт
- зуд пастшавии биноиш
Баъдан:
- дард дар мавқеъи шикам
- вайроншавии кори меъдаю –рӯдаҳо
- ихтилоҷ(судороги )
Вайроншавии – фаъолияти ҷигар, гурда ва системаи асаб.
Агар дар вақташ ёрии таъҷилии лозимаро нарасонем,оқибаташ марг мебошад. Ба фарқи аз ФАЛЛОИДИН, заҳрҳои фалаҷи –ки дар дохили тортанакҳо (паутинник) ҳастанд. Якумин аломатҳои заҳролудшавии ин замбуруғҳо дар 3-юм 15 рӯз содир мешаванд.
дар бемор пайдо мешавад:
-дилбеҳазурӣ
-қайкунӣ
-дардҳои сар ва сутунмуҳра
-системаи роҳҳои нафасгузар
-системаи дилу рагҳо
-системаи пешоб
-аппарати такягоҳу ҳаракат ва ғайра...
Аз ҳама замбуруғи безарар, ки ба ном қаторгоҳҳо (строчки) ва СМОРЧКИ меноманд, ки хушхур асту заҳрҳои он дар ҳолати термики покиза безарар мешаванд, ҳатто дар онҳо ҳолатҳои ногувор ба монанди вайроншавии фаъолияти:
-дилу рагҳо, норасоиҳо, аритмияҳо,
-сарчархзанӣ, варамшавии ҷигар низ ба қайд гирифта шудааст!
Дар инҳо якумин аломатҳои заҳролудшавӣ дар 2-юм 10-ум рӯз ба амал меояд. Заҳролудшавӣ аз токсинҳои намуди пашшагиҳои сурх (красный мухомор) ва толагиҳои Патуяра ба мисоли мастмонанди:
-арақкунии бисёр
-галлютсинатсияҳо
-покиза гум кардани ориентатсия (ҳолати гумкунӣ). Нишонаҳои хориш зуд 1-2 соат баъди ворид шудан ба организм пайдо шуда, баъди 3-4 соат нобуд мегарданд. Дар ҳолатҳои вазнин фавтидан мумкин аст. Айнан замбуруғҳо масъалан навъи сохта (ложные опята) ва алоҳида намудани қаторак (рядовик) метавонад заҳролудшавии мавқеъиро (локальный) ба амал орад. Аломатҳояш амалан зуд баъди воридшавии ба организми инсон ба мисли вайроншавии узвҳои ҳозима – дард дар шикам, сарчархзанӣ.
Заҳролудшавӣ на фақат аз замбуруғҳои заҳрнок ҳатто аз авлодҳои хушхури онҳо шудан мумкин аст дар натиҷаи нодуруст чиндан, тайёр кардан ва нигоҳ доштани онҳо ва ғайра аз ин:
-бисёриҳо нотавониҳои индувидуали доранд
-алергия (аксуламалҳо) доранд.
Падару модарон дар хотир доред, ки аз сабаби он, ки ҳатто замбуруғҳои иҷозатдодашуда, ҳазмшавиашон мумкин аст, ба кудакон то синни 7 сола тавсия дода намешавад. Ҳатто аз ҳама безарар намудани онҳо яъне: Поругиҳои хокистарранг, дубовикҳо, гуфтакҳо (говорушки), сузанапойҳо (булавоножки) истеъмол бо маводҳои машруботи спирти ба шиддатнок шудани токсинҳо оварда мерасонад ва он зуд баъди истеъмоли спирти ба амал омада, баъди 2-3 соат мегузарад.
Боз як намуди заҳролудшавӣ ботулизм дар натиҷаи истеъмол намудани замбуруғҳои консервашуда ба амал меояд. Барангезандаи он дар муҳити беруна тобовар аст ва дар ҳолати анаэроби фаъолият мекунад. Якумин аломатҳои заҳролудшавӣ баъди 2-3 соат баъд аз ворид шудани токсинҳо ба организм сар мезанад. Дар бемор пастшави ва дучандшавии биноиш, дардисари сахт ва беҳолии ногаҳон мушоҳида мешавад. Агар чорабиниҳои фаврии-саривақти аз тарафи мутахассисон гузаронида нашавад, оқибаташ фавт аст. Ана барои чи мо бояд қоидаҳои безараргардонии стерилизатсияро дар шароити хона бояд риоя намоем.
Агар сарпуши зарф (банка) дам карда бошад, Шумо онро кушода аз сари нав меҷӯшонаму аз дигар махкам мекунам гӯён ҳаракат накунед. Хубаш онро нобуд созед, саломатии худро зери хатар нагузоред. Дар вақти сарзании аввали аломатҳои заҳролудшавӣ ба ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат намоед ё ки ба муассисаи тиббии наздик муроҷиат намоед. То омадани мутахассис фақат бо шустани меъда бо маҳлулҳои бисёр (сода, намаки ва ҳуқнаҳои тозакунанда) гузаронед. дар хотир доред, ки маҳлулҳои кислота (тезоба) доранда, нӯшокиҳои спирти истифода набаред, ки онҳо ҷабҳидани токсинҳоро дар меъдаю рӯдаҳо метезонанд.
Ҷалилов Эркин,
директори маркази ташаккули тарзи
ҳаёти солимии н.Кӯшониён