Фазои иттилоотие, ки имрӯз ҷаҳонро фаро гирифтааст, дар баробари пешрафти ҷомеа хатарҳои зиёдеро ба бор оварда истодааст. Аз ҷумла тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ даъвати ҷанг, нооромиҳо, иғвоангезиҳо, туҳмату буҳтонҳо. Имрӯз аз Ғарб аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, наҳзатиҳо, террористу экстремистон тариқи интернет ҳамарӯза бар зидди давлату миллатӣ мо баромаду суҳбатҳои ғаразнок мекунанд. Афкору андешаҳои хому ботил ва иғвогаронаи худро ба мағзи ҷомеа, алалхусус ҷавонон таҳмил менамоянд. Инҳо ҳамон фарзандони ҳамин сарзаминанд, ки дар Тоҷикистон ба воя расидаанд, вале имрӯз бо хатову фиребхӯрданҳои худ, бо ошно шудан бо наҳзатиҳо дар Аврупо ғарибанду муҳоҷир, беватан ва имону шарафашонро фурӯхтаанд.
Ана ҳамин расонабозиҳо, истифодаи нодуруст аз тарғибу ташвиқи технологияҳои иттилоотӣ буд, ки имрӯз нохалафон, баъзе ҷавонони ба гурӯҳҳои террористӣ шомилшуда аз кишварҳои хориҷа бо маблағгузории хоҷагонашон зидди кишварамон баромад намуда, суханони ноҳақу носазо мегуянд. Онҳо намедонанд, ки сулҳу ваҳдат ба Тоҷикистон ба осони ба даст наомадаасту дар ин роҳ чӣ қадар одамон ҷон бохтаву талаф ёфтаанд. Мо ҳеҷ вақт ин сулҳу ин Ваҳдати миллиро аз даст додани нестем ва андешаҳои иғвогаронаро намепазирем.
Мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Нурализода Малика