Имрӯз, дар деҳаи Зафари Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия, дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вобаста ба таҷлили ҷашни бошукуҳӣ миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Бибигул Изатуллозода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Муслима Раҳмонова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила, Ш.Аъзамзода, мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, мактаби варзишӣ ва фаъолони деҳа чорабинии идона баргузор гардид. Дар доираи чорабиниҳо, якчанд озмунҳо аз қабили “Гулпарвари беҳтарин”, “Нонпази беҳтарини маҳал”, “Қадбонуи беҳтарин”, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳфилҳои шеърхонӣ, аёдати беморон, ятимон ва пирони рӯзгордида доир гардид. Ҳамзамон меҳмонон, дар деҳаи мазкур аз рафти самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ дидан намуданд. Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҳангоми суханронӣ аз фаъолони деҳа даъват ба амал оварданд, ки дар сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатӣ бармеояд, саҳми арзандаи хешро гузошта, фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён