ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ: ЗУҲУРОТИ НИҲОЯТ ХАТАРНОКИ АСРИ НАВ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000-ум то имрӯз 20 маротиба бо Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ, ба кулли мардуми кишвар оид ба масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъди муроҷиат ва суханронӣ намуданд. Чунин руйдод, имрӯз дар ҳаёти кишвар ба як маъракаи муҳими сиёсии давлатӣ мубаддал гардидааст. Мӯҳтавои Паём аз лиҳози сохтор самтҳову масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва соҳаҳои асосии ҳаёти кишварро дар бар мегирад. Боз ба таври ҷузъӣ назар намоем, он масъалаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш, занон, таълиму тарбия, мудофиа, сиёсати хориҷӣ,беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Аммо дар оғози Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи байналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад. Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯз аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле мутташаниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла ба давлати мо расидааст. Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию терористӣ манфиатдор дониста мешавад. Имрӯз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғайришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки «Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи қудратҳо баврои аз нав тақсим кардани ҷаҳон вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад». Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар, исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин аз ҷумла дини мубини ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Тероризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро ба ҳар гунна ваъдаҳои бардурӯuи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои терористӣ сафарбар менамоянд. Терористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гунна роҳ зиён мерасонанд.Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон бо гурӯҳхои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Ба оташи андешаи ботили ин гуна шахсон аз «Давлати исломӣ» саркарда, то толибону ҳизбҳои дигари ба номи «исломӣ»равuани бештар мерезанд. Хабари воқеаҳои рӯзҳои охир дар давлатҳои Туркия ва Австрия, ки дар нашрия ва сайтҳои серхонандатарини ҷаҳонӣ паҳн гардидин андешаро дар зеҳни онҳое, ки исломро чун дини террористон мешиносанд, боз ҳам қавитар карду дини исломро боз ҳам бадномтар.

     Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳхои терористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавон аст. Тероризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест.Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор, қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва баҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳмонем.То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад. Имрӯз дар Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад зеро даргириҳои Шарқи Наздик ба ватани мо низ таҳдид дорад. Душманони миллати тоҷик, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернети ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқом қарор медиҳанд ва меҳоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои «Исломӣ» - и ватанӣ инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиuот бурда ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд. Терористону экстремистон хоинони ватан фурӯшон ҷиҳод алайҳи ки эълон медоранд? Муқобили мусулмонон муқобили калонсолону кӯдакон ҳамдиёрону ҳамватанони худ Вазифа меистад, ки шахсони масъул ,шӯъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аминони маҳаллаҳо, зиёиён бояд ба мардум фаҳмонем, ки аз Худо битарсанд ва ба даъвати душманону хоинон бовар накунанд. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба чиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфӯрушони зархариданд, ки имрӯз аз Сурияву Ироқ фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба ватаи ҳалокат афкананд. Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем . Ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёти солим бидуни ҳар гунна ҷангу ваҳшониятро тарuибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд. Бештар ба забон омӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд. Дар олами ислом ҳеҷ гуна ҷиҳот нест. Ҳама шиорҳое, ки аз номи ислом аз тарафи экстремистону террористон садо медиҳанд ва одамон, бахусус ҷавононро ба ҷиҳод ва барпо кардани хилофати исломӣ тарғиб менамоянд, дуруғи маҳз аст. Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии чомеаи кишвар гаштааст коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳхои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад. Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандустӣ ахлоқи ҳамида сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккулбояд ёфт. Онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифи карда рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ, дарк намоянд ба хотири тақвими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу суббот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.

179208051_526317058375499_1540975062436351627_n.jpg 

Фарҳод Маҳмудов

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.