Санаи 28 апрели соли равон, дар толори Кохи фарҳанги ноҳия бо иштироки Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадҷон Хоркашев, сардори Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон, кормандони Хадамоти шиносномадиҳии ШВКД дар ноҳия, фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сокинони ноҳия вохӯрӣ доир гардид. Мақсад аз баргузории ҷамъомадро, меҳмонон вобаста ба рӯйхатгирии муҳоҷирон, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ва дар доираи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия то санаи 15 июни соли 2021 дар Федератсияи Россия арзёбӣ намуданд, ки масъалаи мазкур тибқи қонунгузории Федератсияи Россия ба роҳ монда шудааст. Каримзода Тоҳир аз тамоми масъулин ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия даъват ба амал оварданд, ки корҳои оммафаҳмониро ба самъи шаҳрвандоне, ки наздикону пайвандонашон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар қаламравӣ Федератсияи Россия қарор доранд ба роҳ монанд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён