Имрӯз, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, Амрулло Тоҷиддин Фозилзода, раиси Шӯро, прокурори ноҳияи Кӯшониён бо иштироки аъзоёни Шӯро, кормандони прокуратураи ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдори ноҳия, муовинони сардори ШВКД, кормандони шуъбачаи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, сардорони шуъбачаҳои минтақавӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масчидҳои ҷомеъи ноҳия, ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия доир гардид.
Мақсад аз баргузории ин ҷаласаро, пеш аз ҳама дар ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, фаъолон ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ арзёбӣ намуд, А.Фозилзода, прокурори ноҳия. Ҳамзамон аз тарафи раиси ноҳия ва аъзоёни Шӯро даъват ба амал оварда шуд, ки гурӯҳои корӣ аз ҳисоби масъулин таъсис дода шуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сӯҳбату вохӯриҳо ва ҷамъомадҳо дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, таълимоти ғайрирасмии динӣ ва риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” ба роҳ монанд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён