Имрӯз, бо иштироки Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён, Алишер Урунов, муовини Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон, Парвиз Нориён, директори муассисаи давлатии Телевизиони варзиш, Шарипов Исроил муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, наврасону ҷавонони варзишгар ва дигар масъулини соҳа, майдончаи нави замонавӣ ба истифода дода шуд. Ёдрас мешавем, ки иншооти варзишии мазкур, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо маблағгузории Федератсияи футболи Тоҷикистон бунёд гардидааст, ки барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммагардонии варзиш дар ноҳия мусоидат хоҳад намуд. Дар ҳаминҷо низ, ба наврасону ҷавонон лавозимоти варзишӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён