Ҳифзи марзу бум –ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, қарзи ҳар як шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст!

     Бале, ҳар даме, ки мо Ватан мегуем ва бар васфи он сухан меронем, пеши назарамон диёри сарсабзу хурраму ободу ҷилвагар мешавад ва ин диёри арҷмандро ном ТОҶИКИСТОН аст! Барои ободиву ороми, ҳифзу нигоҳбонии он сарбозони Ватан ҳомиёни марзу буми кишвар Ҷонфидоиву хидмати бузург менамоянд.Дар ҳақиқат ҳам, аз рузхои ба даст овардани истиқлолияту соҳибихтиёри ва Ваҳдату якпорчагии милли ва аз санаи ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозони мо бо дасту дили нек ва ҳисси баланди ифтихор аз гузаштаву ҳозираи хеш сарҳаду хати марзу буми меҳани азизамонро дар тамоми ҳудуди мамлакат нигаҳбони намуда истодаанд. Раванди ҳифзу нигоҳбонии сарҳад дар Тоҷикистон бо беҳтар гардидани инфрасохтори зисту зиндагони ва шароити сарбозон руз то руз дар сатҳи хубтар қарор гирифта истодааст, зеро давлату ҳукумати мамлакат барои таъмини Қушунҳои сарҳади бо ҳама тачҳизот ва лавозимоти ҷанги тамоми тадбирҳои муассир ва саривақтиро андешида истодааст. Муҳайё гардидани чунин шароитҳои хуби хизмати аз ҳар як афсар васарбозони содики Ватан такозо менамояд, ки хизматро баҳри ободи ва тинҷию аммонии кишвар сидқан баҷо оварда, он вазифаҳое, ки дар назди онхо гузошта мешаванд, бо сари баланд, бошарафона ва саршор аз ҳисси баланди Ватандусти иҷро намоянд, зеро ҳифзи Ватан, таъмини субботу ороми, ҳимояи марзу бум ва сокинони он, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст!

 

Фарҳод Маҳмудов, сармуҳаррири рӯзномаи «Кӯшониён»

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.