Имрӯз, бахшида ба “Рӯзи кормандони мақомоти андоз”, дар толори маҷлисгоҳи Нозироти андози ноҳия, вохӯрии роҳбарияти ноҳия бо кормандони ин ниҳод баргузор гардид. Вализода Икромидин Сироҷиддин, раиси ноҳия, дар суханӣ табрикотии худ қайд намуданд, ки кормандони мақомоти андоз, дар ғанигардонии буҷаи давлатӣ ва иҷрои саривақтии нақшаҳои андоз саҳми арзанда гузошта, баҳри пешрафти иқтисодиёти ноҳия кӯшишу ғайрати бендоза доранд. Имрӯзҳо таҳти роҳбарии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароити мусиди корӣ фароҳам гаштааст ва моро зарур аст, ки софдилонаву содиқона ба миллату давлат хизмат намоем, қайд намуданд раиси ноҳия. Дар фарҷоми мулоқот ба як қатор кормандони фаъоли Нозироти андози ноҳия, туҳфаҳои моллӣ ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён