Ҳамдиёрони азиз!
Собиқадорони ҷангу меҳнат!
Ҳозирини гиромӣ!
Таърихи башарият дар давраҳои гуногуни ташаккули давлатдорӣ борҳо исбот кардааст, ки миллатҳои гуногуни ҷаҳон аз ҷумла миллати соҳибтамаддуни тоҷик дар идораи давлат аз пайраҳаҳои зиёди ноҳамвори таърих гузашта, бо ин роҳ дар таҳаввулоти бузурги сиёсӣ истодагарӣ намудаанд. Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки солҳои 1941-1945 ба вуқуъ пайваст, дар таърихи башарият яке аз фоҷиаҳои даҳшатбор ба шумор рафта, дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ дар он солҳои мудҳиш зиёда аз 50 миллион нафар одамон қурбон шудаанд. Дар набардҳои хунину тақдирсоз садҳо нафар Тоҷикистониён, аз ҷумла зиёда аз 1800 нафар сокинони ноҳияи Кӯшониён низ иштирок намуда, 731 нафарашон дар майдони ҷанг ба ҳалокат расидаанд. Рӯзи Ғалабаи бузург, дар китоби таърихи гузаштаи миллати тоҷик ҳамчун саҳифаи намоён ва дурахшон ёдрас мешавад, ки дар он корнамоиҳои ибратомӯзи падарону бобоёни мо бо ҳарфњои заррин сабт гардидаанд. Миллати сарбаланди тоҷик шуҷоату қаҳрамонии онҳоеро, ки дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷонбозиҳо карда, хоки поки диёри худро ҳифз ва ҳаёти осоиштаро таъмин намудаанд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Онҳо бо далерию матонат ва қаҳрамониҳои бемисл дар дилу дидаи мардум ҷойгоҳи махсус доранд.
Қаҳрамонӣ ва корнамоии падару бобоёни мо дар солҳои баъдиҷангӣ низ идома ёфта, бо заҳматҳои шабонарузӣ хоҷагии халқи харобгардидаро барқарор сохтанд, мамлакатро ободу зебо ва Тоҷикистони азизро бо меҳнати шоистаи таҳсин бунёд намуданд. Аз ҷониби онҳо ҳазорон гектар заминҳои бекорхобида аз худ карда шуд, ботлоқу биёбонҳо ба гулзор табдил ёфтанд ва ба мардум зиндагии осудаҳолона ботадриҷ таъмин гардид. Боиси сарфарозист, ки қаҳрамонию ҷонфидоии родмардони ватан бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ватани соҳибистиқлоламон қадршиносӣ гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳия ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғамхориҳои доимӣ зоҳир менамояд. Дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён низ дар арафаи ҳар ҷашнҳои миллии ифтихорӣ аз шароити зист, меҳнату фароғат ва вазъи саломатии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ пурсоншуда, эҳтиёҷоту ниёзмандии онҳоро ба инобат мегирад ва ба ивази родмардию ҷонфидоии онҳо дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ пайваста кӯмак мерасонад. Яъне давлату Ҳукумати кишвар бобати таъмини зиндагии арзандаи собиқадорони ҷангу меҳнат аз тамоми сарчашма, захира ва имкониятҳои мавҷуда босамар истифода бурда, корнамоӣ ва заҳматҳои беназири онҳоро ҳамчун мактаби мардонагӣ ва намунаи олии ватандустӣ ба наслҳои оянда тарғиб менамояд.Эҳтирому қадршиносии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз зумраи накӯтарин амалҳои инсонӣ арзёбӣ мешаванд. Зеро онҳо беҳтарин солҳои умри босамари худро баҳри ободию озодию Ватан, ривоҷи хоҷагидорӣ, саноату сохтмон, фарҳангу маънавиёт ва дар маҷмуъ басифатан беҳтар намудани ҳаёти душвори баъдиҷангӣ бахшидаанд. Мо имрӯз ҳам номи фарзанди матину диловари ноҳия Бобоев Ҳомид, ки то имрӯз дар қайди ҳаёт буда, барои ҳифзи марзу буми ватани худ ҷонфидоӣ намудаанд, бо ифтихор ба забон мегирем. Номи Назаров Акобир, Қодиров Раҷаб, Нурматов Ҳасан, ки дар ақибгоҳ дар баробари иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ заҳматҳои зиёд кашида, қаҳрамонӣ нишон дода, дар таъмини Ғалаба ҳиссаи бузург гузоштаанд, имрӯз бо ифтихор ба забон оварда мешавад. Қайд кардан бамаврид аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакҳои моддӣ расонида имсол низ дар радифи кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ ҳазор сомонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ду ҳазору панҷсад сомонӣ ва аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳар кадом ба маблағи ҳазор сомонӣ ва ба заҳматкашони ақибгоҳ ба маблағи 500 сомонӣ кумакҳои яквақтаина расонида шуд. Ҷашни 76 солагии Ғалаби Бузург дар пайвастагӣ бо як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, арафаи баргузории 24-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ баргузор хоҳанд шуд. Дар ноҳия ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони зиёда аз 337 адад иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки ҷиҳати беҳтар намудани фазои мусоиди меҳнату фароғат ба сокинони ноҳия шароити мусоид фароҳам менамояд. Аз ин лиҳоз, ободиву сарсабзии ватан, меҳнати содиқона ва суботкорона, саҳмгузорӣ дар мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳифзи соҳибистиқлолии ватан бояд масъулияти фарзандии ҳар яки мову Шумо бошад. Бо чунин орзуву ниятҳои нек ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва Шумо сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Ғалаба табрику муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, хонаободӣ ва рӯзгори хушу осоиштаро таманно менамоям.
ИДИ ҒАЛАБА МУБОРАК,
ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!