“ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ”
«Мо насли имрӯза қарзи худ мешуморем, ки хотираи неки шаҳидони роҳи озодиро пос дошта, дар ҳаққи иштирокчиёни ҷанг эҳтиром ва ғамхориҳои хоса зоҳир намоем».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Имрӯз, бо мақсади арҷгузорӣ ба меҳтарони ҷанги бузурги ватанӣ ва таҷлили 76-умин солгарди “Рӯзи Ғалаба”, дар маркази ноҳия бо иштироки роҳбарият ва беш аз 3000 нафар сокинонӣ ноҳия, чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Сараввал роҳбарияти ноҳия, дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо иштироки наврасону ҷавонон ба зери пояи лавҳаи “Аскари номаълум” гулчанбар гузошта поси хотир намуданд. Сипас бо иштироки роҳбарияти ноҳия, дар маркази ноҳия шаҳраки И.Сомонӣ гузашти ҳарбии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо, намоиши расмҳо дар роҳ, намоиши ёдгориҳо ва расмҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ доир гардид. Баъд аз тамошои паради ҳарбӣ, меҳмонон ба толори тобистонаи Кохи фарҳанги ноҳия ворид гардида, бо ишироки кормандони ташкилоту идораҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва сокинони ноҳия, маҷлиси тантанвӣ доир гардид. Раиси ноҳия, дар суханӣ табрикотии худ қайд намуданд, ки Рӯзи Ғалабаи бузург, дар китоби таърихи гузаштаи миллати тоҷик ҳамчун саҳифаи намоён ва дурахшон ёдрас мешавад, ки дар он корнамоиҳои ибратомӯзи падарону бобоёни мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Миллати сарбаланди тоҷик шуҷоату қаҳрамонии онҳоеро, ки дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷонбозиҳо карда, хоки поки диёри худро ҳифз ва ҳаёти осоиштаро таъмин намудаанд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Онҳо бо далерию матонат ва қаҳрамониҳои бемисл дар дилу дидаи мардум ҷойгоҳи махсус доранд. Дар идомаи суханронии худ, раиси ноҳия тамоми собиқадорони ҷангу меҳнат ва сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Ғалаба табрику муборакбод намуда, ба онҳо тансиҳатӣ, хонаободӣ ва рӯзгори хушу осоиштаро таманно намуданд. Дар фарҷоми ҷамъомадӣ тантанавӣ аз тарафи аҳли фарҳанги ноҳия суруду таронаҳои Ватандӯстона ва саҳначаҳои хотирмон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён