Имрӯз, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, қисми низомӣ ва афсарону сарбозони қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, маросими савгандёдкунии наваскарон доир гардид, ки дар чорабинии мазкур низ волидон ва хешовандони наваскарон иштирок намуданд. Раиси ноҳия, дар сухани табрикотии худ, тамоми афсарону сарбозони ин қисми низомиро бо 76-умин солгарди “Рӯзи Ғалаба” табрик намуда, ба онҳо тансиҳатӣ хонаободӣ ва дар ҳифзи марзу буми Ватан комёбиҳои беназирро таманно намуда, ба наваскароне, ки савганди ҳарбӣ ёд карданд, барои содиқонаву софдилона хизмати Модар-Ватан намудан, ҳидоят намуданд. Дар фарҷоми чамъомади тантанавӣ, гузашти ҳарбӣ баргузор гардида, барои сарбозону афсарон чорабинии фарҳангӣ низ доир карда шуд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён