“Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз, бахшида ба “Рӯзи ҷавонон”-и Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, ҷавонон, варзишгарон ва кормандони ҷавони ташкилоту идораҳо чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Сараввал роҳбарияти ноҳия, дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз намоиши дастовардҳои ҷавонони ихтирокор, рассомон, ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, сипас ба толори тобистонаи Кохи фарҳангӣ ноҳия ворид гардида, дар ҷамъомадӣ тантанавӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон дар ҷамъомад Шӯрои ҷавонони назди раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар он Шукрона Маҳмадализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия,котиби Шӯро, Абубакри Файзалӣ, мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва якчанд ҷавонони дигар суханронӣ намуданд. Дар суханронии худ Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия қайд намуданд, ки насли наврас дар ҳама давру замонҳо нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва такягоҳи боэътимоди Ватан мебошанд. Таваҷҷуҳ ба ҷавонон маънии таваҷҷуҳ намуда ба рушди миллату давлатро дорад. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ин қишри аҳолӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон тадбирҳои судмандро роҳандозӣ мекунад. Дар фарҷоми ҷамъомадӣ тантанавӣ ба як қатор ҷавонони фаъоли дар соҳаҳои гуногуни ноҳия фаъолият дошта, Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён