ТАБРИКОТИ Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён бахшида ба 23 май, “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”

       Ҷавонони азиз!

    Насли наврас дар ҳама давру замонҳо неруи пешбарандаи ҷомеа ва такягоҳи боэътимоди Ватан мебошад. Таваҷҷуҳ ба ҷавонон маънии таваҷҷуҳ намудан ба рушди миллату давлатро дорад. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ин қишри аҳолӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон тадбирҳои судмандро роҳандозӣ мекунанд.Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи давлатҳои ҷавони рӯ ба инкишоф аст ва аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ҳамин лиҳоз, метавон гуфт, ки ояндаи Ватани мо бо нерӯи созандаи насли навраси мамлакат боз ҳам ободу зебо хоҳад шуд. Имрӯз ҷавонони бонангу ори тоҷик беш аз пеш рӯ ба илму ҳунаромӯзӣ оварда, дар ҳама ҷабҳаҳои хоҷагии халқ фаъолона ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ машғуланд. Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони ноҳияи овозадори Кӯшониён дар баробари дигар ҷавонони бонангу номуси Ватан дар тамоми корҳои ҷамъият фаъолона ширкат варзида, барои саҳм гузоштан дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат тамоми нерӯ ва қувваи худро дареғ намедоранд. Ҳамчунин дар тамоми озмуну чорабиниҳои варзишии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар бо иштироки фаъолона ва донишу маҳорат ширкат варзида дар чандин озмуну чорабиниҳо ғолибият ба даст овардаанд, ки боиси ифтихори ҳар фарди ноҳия мебошад.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастовардҳои ҷавононро ҳамеша эҳтиром ва қадр намуда, кушиш ба харҷ дода истодааст, ки барои фароғати онҳо ва машғул шудан ба варзиш дар доираи нақша чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ даҳҳо марказҳои фароғатӣ ва майдончаҳои варзишии замонавӣ бо дастгирии соҳибкорони ватандӯсту хайрхоҳ сохта ба истифода дода шуда истодааст.

    Ҷамъомади имрӯзаи шумо, ҷавонони азиз, шаҳодати дӯстиву рафоқат ва ваҳдату якдилии мардуми ноҳия мебошад. Мо боварии комил дорем, ки номуси баланди ватандорӣ худогоҳӣ, маърифату маданият ва илму донишатон шуморо ба фатҳи қуллаҳои баланд раҳнамоӣ мекунанд. Насли ҷавон бояд дар замири худ ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми валоияти қонунро ташаккул дода, ба ин васила дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.Имрӯз мо шукрона мекунем, ки миллати мо соҳиби Истиқлолият аст ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои худ бо қадамҳои устувору боварибахш дар роҳи пешрафту тараққиёт қадам зада истодааст. Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии халқи Тоҷикистон шаҳодати бараълои он аст, ки мо миллати созанда ҳастем ва метавонем, ки бо қувваю иродаи мустаҳками худ Ватани маҳбубамонро дар байни ҳама кишварҳои дунё ба таври шоиста муаррифӣ намоем ва намуда истодаем. Мову шуморо зарур аст, ки дар пайравӣ аз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тараққиву таҷаллии Ватани маҳбубамон қуввату дармони худро дареғ надошта, дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд доимо дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлат ва миллатамон омода бошем.

Саломату хонаобод бошед!

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.