Кишоварзони меҳнатдӯсти ноҳия, бо истифода аз шароити мусоиди боду ҳаво ва таҷрибаи пешқадами парвариши сабзавоти барвақтӣ, ҳар як ваҷаби заминро самаранок истифода намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда истодаанд. Ин шабу рӯзҳо, аз ҳудуди ноҳия садҳо тонна маҳсулоти тару тозаи аз ҷиҳати экологӣ босифат, ба тамоми манотиқи Ватани азизамон ва берун аз кишвар содирот гашта истодааст. Ба ин васила меҳнаткашони ноҳия, саҳми арзандаи худро, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегузоранд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён