Имрӯз, дар асоси нақшаи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии гурӯҳи корӣ бо иштироки Ҷамшедзода Ҷамшед, судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фаридун Бобозода, Директори пажуҳишгоҳи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Амиршоҳи Хатлонӣ, шоир ва Сангализода Қумринисо, муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир гардиданд. Меҳмонон вобаста ба тақвияти корҳо, дар самти тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯсти ва идомаи корҳои бунедкори вобаста ба сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия суханронӣ намуданд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён