Имрӯз, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати ҷашнӣ бузургӣ миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори Кохи фарҳанги ноҳия бо иштироки ҳакамони озмун Маҳмадаминов Ҷумахон-мудири дафтари методии назди Раёсати фароҳангӣ вилояти Хатлон, Юсуф Амирхон, суовини сардори Раёсати телевизион ва радиои Хатлон, Ризоев Маҳмадшариф, роҳбари Маркази илми-методии назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, котиби озмун дар вилояти Хатлон ва бо иштироки 32 нафар довталабон аз рӯи номитнатсияи навозандагӣ ва сарояндагӣ, даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” диор гардид. Мақсад аз баргузории озмун, ин пеш аз ҳама муайян намудани истеъдодҳои нав, рушди санъати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Аз рӯи 2 номинатсияи озмун аз шумораи умумии довталабон 17 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд, ки аз тарафи ҳакамони озмун баҳои баланд дода шуд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён