Кӯшониён: Барассии рафти иҷрои Барнома, дар вохӯри бо маорифчиён

    Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи МТМУ-и рақами 1 ноҳия, оид ба рафти иҷрои Барнома “Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ барои солҳои 2019-2023” ва рафти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо иштироки Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, Амирзода Абдулло, ёрдамчии прокурори ноҳияи Кӯшониён, намояндаи ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён, Абубакри Файзалӣ, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, Шарифа Шарипова, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар ҷамъомад сарварони муассисаҳои таълимӣ, кормандони шуъбаи маорифи ноҳия ва дигар масъулин ширкат варзиданд. Дар назди ҳозирин Амирзода Абдулло оид ба рафти иҷрои Барнома суханронӣ намуда, аз тадбирҳои дар ин самт андешидашудаи прокуратураи ноҳия маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Қайд гардид, ки назорати прокурорӣ дар ин самт пурзӯр гардида, мунтазам санҷишҳо ва вохӯриҳо гузаронида шуда истодаанд. Вобаста ба иҷрои бандҳои 4,5,6,7-и Барномаи мазкур аз тарафи прокуратураи ноҳия, дар ҳамкорӣ бо бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, танзими анъана ва ҷашну маросим, шуъбаи кор бо занон ва оила, шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳия дар мавзӯҳои “Худкушӣ ва роҳҳои пешгирии он” ва Оид ба ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣӣ ҷавонон ҷиҳати паст намудани сатҳи худкушӣ дар байни онҳо, конфронсҳои илмӣ-амалӣ доир карда шудаанд, қайд намуд Амирзода Абдулло. Ҳамзамон оид ба амалишавии ин Барнома ва рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” намояндаи ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён суханронӣ намуд.

2_95.jpg 3_106.jpg 4_77.jpg 5_69.jpg 6_58.jpg 7_53.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.