Имрӯз, субҳи барвақт роҳбарияти ноҳия, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати самаранок истифодабарии заминҳои корам, нашъунамо ва ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ, шиносоӣ аз рафти корҳои ободонию созандагӣ, таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, хизматрасонии тиббӣ, истифодабарии заминҳои ёрирасон ва наздиҳавлигӣ, нашъунамои пахта дар хоҷагиҳои пахтакор ва омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии аз Ҷамоати деҳоти Ориён дидан намуданд. Ҳангоми боздид, роҳбарияти ноҳия аз рафти таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, шароити хизматрасонии бунгоҳҳои тиббӣ, иншоотҳои фарҳангӣ ва рафти нашъунамои пахта ва дигар зироатҳои ҳудуди Ҷамоат аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Ҳамзамон ҳангоми боздид, дар деҳаи Сароб, аёдати кӯдаки имконияташ маҳдуд доир гардида, ба ӯ маводҳои ғизоӣ ва шириниҳо кӯмак расонида шуд. Роҳбарияти ноҳия инчунин, дар МТМУ-32 ба корҳои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ҳусни оғоз бахшида, ба масъулин дастур дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ бо сифат ба анҷом расонида шавад.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён