Кӯшониён: Мулоқоти корӣ, бо роҳбарияти ноҳия
Имрӯз, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоти кории Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо роҳбарияти ноҳия доир гардид. Дар рафти ҷаласаи корӣ, пеш аз ҳама иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 «Дар бораи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ, корҳои ободонию созандагӣ, саманок истифодабарии замин, таҷлили Истиқлолият дар ҳар як кӯча, маҳал ва Ҷамоат, ташкилоту идораҳо ва дигар муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин дар корӣ ҷаласа, масъалаи сари вақт ҷамъоварии ҳосили ғаладонагиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, назорати шабонарӯзии коркард ва нашъунамои пахта ва дигар корҳои ободонию созандагӣ дида баромада шуд.
Хадамоти матбуотии Раиси ноҳияи Кӯшониён
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.