Кӯшониён: Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия доир гардид

     Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Дар кори иҷлосия вакилон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, муассисаҳо ва дигар фаъолон, ки вакил нестанд иштирок намуданд. Дар кори иҷлосияи ғайринавбатӣ як масъала, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён аз 28 декабри соли 2020, №68 “Дар бораи буҷети ноҳияи Кӯшониён барои соли 2021” баррасӣ шуда, аз рӯи он ҳисоботи Чиллазода Аъзам, сардори Раёсати молияи ноҳия шунида шуда, аз тарафи вакилона тасдиқ карда шуд. Дар фарҷоми кори иҷлосияи ғайринавбатӣ, Вализода Икромиддин Сироҷидин, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаи баррасишуда, пешниҳод ва фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, ба вакилони ва иштирокчиёни иҷлосия барои иштироки фаъолона миннатдории худро баён намуданд. Ба ҳамин иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён бо садо додани суруди миллӣ ба итмом расид.

2_98.jpg 3_108.jpg 4_80.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.