ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин Сироҷиддин бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 1-июн»

      Наврасони меҳрубон!

   Ҳамасола 1-уми июн таҷлили ҷашни байналмилалии ҳифзи кӯдакон, дар тамоми дунё ба ҳукми анъана даромадааст. Боиси хушбахтист, ки ҷашни имсолаи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба ҷашнҳои бузургӣ таърихӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 24-солагии Ваҳдати миллӣ рост омада, масъулияти мо калонсолонро нисбати муҳофизати ҳуқуқи кӯдакон, таълиму тарбияи дуруст ва дар оянда ба давлату ҷамъият хизмати содиқона намудани насли наврас кӯшиш намоем. Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён низ тасмим гирифтааст, ки дар ин рӯз чунин чорабиниро дар рӯҳияи баланди маънавию фарҳангӣ таҷлил намояд. Кӯдакон ояндаи миллатро муайян менамоянд ва сарвати асосоии ҳар як давлат мебошанд.

Дар давраи истиқлолияти мамлакат соли 1993 ҳуҷҷатҳои муҳими байналмиллалӣ, аз қабили созишнома дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва созишнома дар бораи бартараф намудани ҳамаи намудҳои зӯроварӣ нисбат ба занон, эътироф карда шудааст.Бо мақсади пурзӯр намудани таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки қабули қонуни мазкур талаби рӯз ва айни муддао буда, ба ояндаи дурахшони давлату миллат ва ҳар як оила мусоидат менамояд. Тарбияи фарзанд аввал аз оила ва баъдан дар кӯдакистону боғчаҳо сайқал меёбад. Аз ин рӯ мо бояд таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монда ҳар лаҳзаро самаранок истифода барем. Кӯшиш намоем, ки фарзандонамонро дар рӯҳияи ватанпарастӣ, сулҳпарварӣ, хештаншиносӣ садоқат ба халқу ватан тарбия намоем. Фарзанди босаводу солим, солимии оила ва хушбахтию ифтихорӣ он буда, ифодакунандаи расму оин, анъанаҳо ва боигарии фарҳангию маънавии миллат мебошад.Барои ҳамин ҳам имрӯз давлат нисбати Шумо ғамхориҳои зиёд зоҳир намуда, ҳуқуқҳоятонро ҳимоя месозад, ба таълиму тарбияи намунавӣ фаро гирифта ба ҷамъият фоидаовар ба воя мерасонад. Бо назардошти ҳамаи гуфтаҳои боло дар ноҳия ҳифзи саломатии кӯдак яке аз самтҳои афзалиятнок ва аввалиндараҷаи ҷомеа ба шумор рафта, беҳдошти зиндагиву рӯзгор, таълиму тарбия ва саломатии онҳо пайваста дар маддӣ назари Ҳукумати ноҳия қарор дорад. Имрӯз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба Шумо бо чашми умед менигарад. Барои таълиму тарбия, истироҳат ва муҳофизати ҳуқуқҳои Шумо кӯдакони азиз, тамоми шароитҳоро фароҳам оварда истодаем то ин, ки кӯдаки солим, бо таълиму тарбия, дар ҷомеаи солим ва бо фарҳангу бо маданият мебошад.

    Бақои миллат, пешравии ҷамъият, аз таълиму тарбияи дурусти кӯдакон, ки ояндаи мо мебошанд, вобастагии калон дорад. Имрӯз дар ноҳия Маркази Стратегияи Ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона дар асоси фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Барномаи Миллӣ фаъолият карда истодааст. Маводҳои доруворӣ аз тарафи Маркази ҳамбастагӣ ба беморхонаҳои минтақавии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба таври ройгон дастрас карда мешаванд.

Дар ноҳия аз соли 2009-ум Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар асоси қарори раиси ноҳия таъсис дода шуда, дар 5 самти асосӣ фаъолият менамояд, ки ин ҳам бошад васояту парасторӣ, фарзандхондӣ, дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд, ба муассисаҳои иҷтимои тиббӣ фиристодани кӯдакони имконияташон маҳдуд ва пешгири намудани ҳама гунна зӯроварӣ ва дискриминатсия нисбати кӯдакон мебошад.Боиси нигаронист, ки дар байни ҷомеаи имрӯзаи мо кӯдакони маъюбу бепарастор низ зиндагӣ мекунанд, ки муҳтоҷи аҳамият ва дастгирии махсуси мову Шумо мебошанд. Дар ноҳия шумораи умумии ноболиғон 100 ҳазору 218 нафарро ташкил менамояд, ки аз ин шумора 55,650 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва 1161 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ мебошанд. Тибқи иттилоъ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия айни ҳол 1053 нафар кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шуда, бо нафақа таъмин мебошанд ва аз ин шумора 44 нафар кӯдакони синни мактабӣ ба таълими хонагӣ фаро гирифта шудаан, ки 20 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар маркази будубоши рӯзонаи “Мадад” дар ноҳия 40 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ба хизматрасонӣ фаро гирифта шудаанд.

     Шумораи кӯдакони нимятим, дар ноҳия 2 ҳазору 609 нафарро ташкил менамояд, ки аз он 1577 нафар бе падар ва 492 нафар бе модар мебошанд, дар соли хониши 2020-2021 бо қарори раиси ноҳия 1 нафар ноболиғ барои таҳсил ба мактаб-интернати ноҳияи Вахш фиристода шуд. Айни замон дар ноҳия 43 нафар ятимони кулл ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 20 нафарашонро духтарон ташкил намуда, дар Филиали Шуъбаи №54-и БДА “Амонатбонк” ба номи ҳар яки онҳо суратҳисоби махсус кушода шудааст. Дар суратҳисоби ҳамаи ятимон маблағ вуҷуд дошта, маблағи умумии он 46 ҳазору 136 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва шахсони саховатпеша ворид шудани маблағ ба суратҳисоби ятимон идома дошта, маблағҳои суратҳисоби онҳо зери назорати масъулин қарор дорад. Воқеан, кӯдакону наврасон сарвати асосии ҳар як халқу миллат маҳсуб ёфта, ғамхорӣ ба кӯдакони маъюб ва ятиму бепарастор, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ ва барқарорсозии саломатии онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад.Ман боварии комил дорам, ки Шумо фарзандони сазовору бофарҳанги халқу миллати хеш мешавед. Кӯшиш бар он харҷ хоҳед дод, ки чунин бовари афзунтару бештар хоҳад гашт. Дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷонбахшу хотирмон иҷозат диҳед, ҳамаи Шуморо ба “Рӯзи айналмилалии ҳифзи кӯдакон” табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо бори дигар осмони софу беғубор, сулҳу салоҳ, Ваҳдати доимӣ ва хонаи ободу рӯзгори осоишта таманно намоям.

19_14.jpg 

Идатон муборак азизони дилу дида!

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.