Имрӯз, дар ноҳия тибқи фармоиши Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии фарҳангию маърифатии “Беҳтарин мудир”, “Беҳтарин котиби ҷамоат”, “Беҳтарин ҳусни хат”, “Беҳтарин бойгонӣ, “Беҳтарин суханвар” ва “Беҳтарин хизматрасон” бо иштироки Зинатгул Сафарзода, сардори Раёсати асноди ҳолатии шаҳрвандии вилояти Хатлон, Изатуллозода Бибигул, мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия ва мудирони як қатор бахшҳои САҲШ-и минтақаи Бохтар баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳамзамон, 2 оилаҳои намунавӣ, 2 ҷуфт арусу домод ва 4 оилаи собиқадор ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд. Сараввал меҳмонон дар асоси Низомномаи озмун аз вазъи ҳуҷатгузорӣ, шароити корӣ ва хизматрасонии бахши САҲШ-и ноҳия дидан намуда, сипас дар толори зебои тарабхонаи “Ваҳдат” қисми фарҳангӣ-маърифатии озмун доир гардид. Дар асоси Низомномаи озмун дар рафти чорабинӣ 2 оилаи навхонадорон ба қайди давлатӣ гирифта шуда, инчунин ба 2 нафар навзодон шаҳодатномаҳои таваллуд супорида шуд. Ба навхонадорон, оилаҳои намунавӣ, оилаҳои собиқадор ва ба кӯдакони навзод аз тарафи бахши САҲШ ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ расонида шуд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён