Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат вобаста ба бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби тероризму экстремизми динӣ ва бегонапарастӣ баён шудаанд, инчунин дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли ҷорӣ, таҳти Раёсати раиси ноҳия, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, директори муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода Абдураҳим Ғаффор, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Шарифзода Мухаммадӣ Шариф ва бо иштироки роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳо, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибони муассисаҳои динӣ ва раисони маҳал вохӯрии судманд баргузор гардид. Баромадкунандагон вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП1059 “Дар бораи сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар рӯҳияи ватандорию ватанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон, пешгирии хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ ва баланд бардоштани маърифати динӣ суханронӣ намуданд.
Хадамоти матбуотии Раиси ноҳияи Кӯшониён