Ваҳдат - беҳтарин неъмат, орзуву армон таҳкими давлат, наҷоти миллат ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Имрӯз итифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омузиши СММ ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллат ягона падидаест аз гузаштаи дуру пешрафтаи маънавиёти кишвар ба шумор меравад.Танҳо бо роҳи ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонад. Танҳо дар фазои сулҳу ваҳдат душвориҳо ва монеаҳои паси сар мешавад, рузгори мардум ру ба беҳбуди меорад. Кишвари азизамон ба шоҳрои пешрафту тараққиёт рӯ меорад.
Ба ақидаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ аст, ки ҳамеша меваҳои ширин ба бор меорад. Мо меваи ширини сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад.»
Он дарахте, ки Ҷаноби Олӣ басулҳу ваҳдат ташбеҳ даданд, имрӯзҳо меваҳои ширину шаҳдборе ба самар оварда истодааст, ки бо он мо тоҷикон мефахрем. Ҳақиқатан ваҳдати миллӣ шукуфони ватани мост, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дусти ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз ру ба беҳбуди меорад, иқтисодиёташ босуръат меафзояд ва аз ҷиҳати сиёсию фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарди тоҷик нишоту хурсанди ҳувайдост ва Ваҳдату сулҳ падидор аст. Барои дарк намудани моҳияти Ваҳдат зарур аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар пеш аз ҳама ба саҳифаҳои таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда аз дастовардҳо ва бурду бохти он бояд ёдовар шавад, махсусан насли ҷавони имрӯзаву ояндаи миллат аз он ифтихор намояд, сабақ гирад ба меъроси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати бебаҳо – иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллатро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.
Аз роҳи Оли Сомон омад паёми Ваҳдат,
Ба ёди Ҷоми Ҷамшед лабрез ҷоми ваҳдат.
Бо осмон бипайваст овои рӯшани дил,
Дар нури бомдоди ғарқин шоми Ваҳдат. Оре ваҳдату иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошанд, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он маншаъ мегирад.Тоҷикистони азизамон дигар кишвари ҷангзада нест, балки он ҳамчун мамлакати осоиштаву осуда, ободу шукуфо ва ояндааш дурахшон дар миёни кишварҳои мутамаддини ҷаҳон мақоми шоистае ишғол менамояд. Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва боифтихор метавонам гӯям. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.
З.Абдуллоев, сармутахассис дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти С.Истиқлол