Сулҳу Ваҳдат-пойдевори ҳастии миллат

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини авдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд». Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт. Дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеаи кишвар таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи тираву неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамон ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан, мухолифати мусаллаҳона кашида шуд, ки дар натиҷа ҳатто хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба вуҷуд омада буд. Ҷанги шаҳрвандӣ барои иқтисодиёти кишвари мо хисороти азимеро ба бор оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одам гардид. Халқи тоҷик тавонист, ки ба орзуи деринаи мардумамон яъне сулҳу субот дар Ватанамон ноил гардад ва бо азми қавӣ барои эъмори давлате сайу талош намояд, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал қарор дошта бошад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан, таърихии тоҷикон мебошад, ки он маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардидааст. Имрӯз мо ба шарофати пойдории сулҳу субот давлат ва ҷомеаи нави шаҳрвандӣ бунёд карда истодаем, ки дар чунин низом муносибатҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, шуур ва қобилияти фикрронии инсон аҳамияти куллан нав пайдо менамоянд. Дар шароити имрӯзаи кишвар бояд ба моҳияти арзишҳо ва ғояҳои демократии нав, тарзи зиндагӣ ва талаботи ҷомеаи адолатпарвар, ки мо бунёди онро марому мақсади хеш қарор додаем, ҷавобгӯ бошем. Ҳар як шаҳрванд ва ҳар инсон бояд муносибати худро ба ташаккули ҷомеаи пешрафта чун мавқеи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ донад. Тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштанд. Ин маънӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш дар китоби муқаддаси ниёгони мо «Авасто» ба таври зайл омадааст: «Мо сулҳу саломатиро меситонем, ки ҷангу ситезаро дарҳам бикашад. Бишавад, ки мо бо ҳамаи ростону дурустон, ки дар саросари кишварҳо ҳастанд, ҳамкору анбоз бошем ва ба якдигар муҳаббату ёрӣ намоем». Намояндаи барҷастаи фарҳанги миллии мо Ҷалолиддин Балхӣ, ки яке аз поягузорони мактаби фалсафаи ваҳдати умуминсонӣ мебошад, худро на тарсову яҳуд, на габру мусулмон, на шарқиву ғарбӣ, балки як инсони ҳамаро фарогир ҳисобидааст, ки ин баландтарин ифодаи башардӯстӣ, омили рафъсозандаи низоъҳои минтақавӣ, қавмӣ ва фарҳангиву динӣ мебошад. Афкори Мавлонои Балхӣ, ки бештар ҳамдилиро аз ҳамзабони беҳтар медонад, собит месозад, ки ҷавҳари миллати тоҷик аз азал бо таҳаммулгароӣ сиришта шудааст ва тоҷикон бо қавму миллатҳои дигар ҳамеша дар фазои сулҳу субот ва ҳамраъйиву дӯстӣ зиндагӣ доштаанд. Шоирон бо синаҳои шеърбору каломи пурэъҷоз аз тамоми санъатҳои шеърӣ истифода бурда, истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллатамонро васф намуда, ба рӯҳияи мардум ҳусни тозае зам менамоянд. Аммо насле, ки даврони шӯравиро пушти сар кардааст, бо шунидани калимаи сулҳ ба ёди шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода меафтад. Маҳз ин шоири зиндаёд тӯли фаъолияти кориаш ба мамолики дунё сафар карда, баҳри дӯстию рафоқат, барқарории сулҳ кӯшишҳои зиёде кардааст. Замоне, ки устод чун паҳнкунандаи ғояҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон муайян гардид ва ашъори сулҳҷӯёнаи ӯ ба авҷи аъло расида буд, хонандаи он оид ба ҷангу нооромӣ ва талафоти ҷонӣ танҳо аз китобҳои таъриху тавассути матбуот тасаввурот дошту халос. Албатта, моҳияти ин калимаро дуруст дарк мекард, вале таъми ширини «сулҳ»-ро дар хуну пӯсти худ ҳанӯз эҳсос накарда буд. Танҳо баъди ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки мардуми заҳматкашидаи тоҷик ба сулҳу субот ноил гардиданд, бори дигар ба ашъори пурмуҳтавоӣ Мирзо Турсунзода рӯй оварданд. Акнун барои ҳамагон маълум шуд, ки чаро замоне устод «Суруди сулҳ»-ро бо хуни дил ва тапиданҳои беороми дил навишта будааст. Ба даст овардани ин неъмати бебаҳо, дар ҳақиқат басо душвору сангин аст. Мисраъҳои зерин шоҳкорианд дар мавзӯи сулҳ, ки дар ҳама давру замон моҳияти худро гум намекунанд:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беорому рӯзафзуни дил.

Яке аз асарҳои пурарзиши М.Турсунзода достони «Ҷони ширин» мебошад, ки дар бо баробари инъикоси бисёр масъалаҳои муҳимми замон, ба монанди дӯстию ҳамоҳангии халқҳо, мавқеи зан ва мароми ӯ дар ҷомеа, инчунин тараннуми сулҳ низ бо сабку услуби хосе таҳрезӣ шудаанд. Шоир ҳадафи сафарҳояшро ҳамчун вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ аз тарѓибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва баробарию бародарӣ мешуморад. Мунодии сулҳ аз ин вазифаи пурифтихори хеш болида шудааст.

Мо сафар дорем оа мри Ватан,
Бо супоришҳои халқи хештан.
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Устод М.Турсунзода дар асари мазкур бо ҳисси баланди вафодорӣ ва садоқат нисбат ба оила моҳияти асосии ин ду калимаи муқаддаси «сулҳ» ва «дӯстӣ»- ро бо содагиву равонӣ чунин шарҳ додааст:

Ҷони ширин, бин, чӣ сон сулҳ аст зӯр,
Бин, чӣ сон шуд дӯстӣ моро зарур.

Мирзо Турсунзода дар вақти сафарҳояш ба мамолики гуногуни кишварҳои Осиё ва Африқо, ҳангоме ки паёми сулҳро дар фазои минтақаҳо танинандоз мегардонид, ба хубӣ дарк намуда буд, ки мафҳуми сулҳ, яъне, идомаи зиндагӣ, ояндаи дурахшон ва абадият аст. Барои ҳамагон маълум буд, ки ҷанг танҳо барои ашхоси алоҳидаи манфиатҷӯву адолатпеша лозим аст ва қувваи аксарият ҷонибдори сулҳу дӯстист. Дар ҷое устод аксуламали оммаро нисбат ба ин ду мафҳум чунин тасвир намудааст:

Сулҳ гӯӣ, мисли гул хандон шаванд,
Ҷанг гӯӣ, аз ѓазаб тӯфон шаванд.
****
Шеъри Турсунзода рози ваҳдат аст,
Ҳам суруди сулҳ бар ҳар миллат аст.

Оре, сулҳ мафҳумест бузургу пурборанг, ифодакунандаи амният, осоиштагӣ озодӣ, истиқлолият ва нишони ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист. Тавре шоири сулҳҷӯ Турсунзода гуфтааст:

Сулҳ дар гул- гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.

Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.

Сулҳ дар ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик ва фарҳангдӯст бо каломи «Ваҳдат» пайванд гардида, мафҳуми бештареро фарогир шуд. Акнун дар ҷумҳурии офтобрӯямон Тоҷикистон рӯзи 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Мардуми мо ин рӯзро чун рӯзи баҳамоӣ, ҳамгироӣ, сулҳу оштӣ ва ваҳдату ҳамфикрӣ ҷашн мегиранд.

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Дарҷ бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам.

Таманно мекунем, ки ҳамеша Тоҷикистон ваҳдатистони ҷаҳон бошаду ҳамбастагӣ ва ҳамдилии тамоми шаҳрвандони кишварамон раҳнамои мо ба уфуқҳои тозаи пешрафт гардад.

Шукрона Маҳмадализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.