ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ОМИЛИ АСОСИИ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРӢ АСТ!

   Дар замони муосири ҷаҳони имрӯза, ки хатарҳои гунонун ва паемадҳои марговар бо наслҳои одами рӯ ба рӯ мегардад, такомул ва ташаккули сохторҳои давлатдории ҳар як кишвар аз сарҷамьи ва иттиҳоди сокинонаш вобастагии калон дорад.. Ғояи ба ваҳдатгаройи кашидани халкҳо ва таҳти он гаравидани хурду бузурги шаҳрвандон сиёсати дуруст ва бардавоми ин ё он давлатро иньикос менамояд. Бо роҳи ваҳдати миллӣ гом ниҳодану зиндагии орому осуда барои сокинони кишвари мо низ ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият роҳи муҳим ва асоси дониста мешуд. Аммо қувваҳои бадхоҳи давлати Тоҷикистон ба Истиқлолияти нави тоҷикон хиёнат карда, халкҳои орому осудаи онро ба барномаи бозсозии хеш кашиданд ва чароғи равшани роҳи миллатро хомуш ва ба суйи торикиҳо раҳнамун сохтанд. Барқарор кардани ҳаёти осоишта кори саҳлу осон набуд. Тамоми рукнҳои давлатдори кори бонизоми худро аз даст дода, пояҳои Истиқлолият сусту заиф гардида, хатари аз байн рафтани давлати Тоҷикистон ба миён омад. Бо амри тақдир, кори муҳими давлатсози ва эҳёи давлати навини тоҷикон ба дасти фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд. Нақши сарвари маҳбубамон дар сохтмони давлати навини тоҷикон, эҳёи фарҳанг ва арзишҳои милливу суннати бузург ва калиди дониста шуда, аз ҷониби мардуми кишвар меъмори Ваҳдати миллӣ ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ эътироф гардиданд! Нияти неки МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ дар сартосари Тоҷикистон амали ва рӯзгори осоиштаи мардумони кишвар таъмин гардид. Барномаи махсуси фаъолияти Пешвои миллат тахти ғояҳои Истиқлолу ваҳдатхоҳи таҳрезӣ гардида, барои амали гардидани он зери хатару таҳдидҳо қаҳрамонона ба пеш қадам гузоштанд. Шаҳрвандони фирориро ба ватан баргардониданд, бо намояндагон гуруҳҳои мухолиф дасти ошти дароз карда, тамоми мардумро таҳти як ғоя сарчамъ ва муттаҳид намуданд. Рукнҳои муҳим ва асосии сохтори давлати пурра гардида, ба кори бонизом шуруь намуданд. Дар як муддати кутоҳ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муносибати хуби ҳамкориҳо дар ҳамаи бахшу сохаҳои хоҷагии халқ бо дигар давлатҳо ба роҳ монда шуда, обру ва нуфузи Тоҷикистон зина ба зина макоми хосаро касб намуд. Аз баракати Ваҳдати миллӣ сулҳи комил ва осоиши рӯзгор ба даст оварда шуда, шаҳрвандон барои расидан ба ҳадафҳои муҳим ва стратегии кишвари маҳбубамон талош варзида, дар ҳама ҷода равнақу ташаккули сохаҳоро таъмин намуданд.

4. (2).jpg 

Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.