Ҳимояи Ватан-қарзи шаҳрвандист!

     АНДЕША: Оре, ҳар як халқу миллат новобаста аз дину оин, урфу одат доштанаш барои ҳимояи Ватани худ аз худ гузашт намуда, синаи худро сипар месозад. Ҳар порчаи хони Ватанашро ба қимати ҷонаш ҳам бошад, талош мекунад, то ба дасти душмане ё ягон нохалафе наафтад. Солҳои охир дар қаламрави ҳамсоя кишвар ба вижа Қирғизистон баҳсу мунозира барои марзи ду кишвар доман паҳн шуда, билохира робитаи ду кишварро хароб намуд. Ҳол он, ки Ворух ҳудуди Тоҷикистон буд ва мемонад. Кӯрдилони ҳасуд барои манфиатҳои шахсии худ ин неъмати муқаддасро аз они худ карданист! “Бори каҷ ба манзил намерасад” гар чанде, ки соҳиби бор пуртаҷриба бошад, ҳам дар охир ноком мемонад. Муноқишаи тарафи ҳамсоя кишвар боиси озору азият шудани шаҳрвандони кӯчаки тоҷик гардида заду хурд реша давонд чандин нафари тарафҳо ба ҳалокат расид. Ҳукумати Тоҷикистон нисбати давлату давлатдорӣ аз рӯи хираду таҳаммулпазирӣ қадамҳои пурқудрати худро гузошта барои ободу зебо ва бегазанд монданаш ҳазорҳо ҷавонони далеру таҳамтанро дар ин раванди ҷаҳонишавӣ ва пурҳаводису хатарзо тарбия намуда, дар ниҳоди онҳо ҳуввияти миллӣ ва ғояҳои миллиро тарғиб намуда, барои пос доштани ҳар як ваҷаби хоки зархезаш заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки истоқлоли воқеӣ доштан ва соҳибдавлату соҳибватан будан барои инсон бузургтарин неъмат ва волотарин ормони зиндагист”. Ҷавонони бонангу соҳибхиради мо дар кадом ҷодае, ки набошад мудом фаъолияти хешро заиф насохта, ба пеш қадам мегузоранд. Инчунин, ин суханҳои Пешвои муаззамро сармашқи кори худ қарор намуда, намегузоранд, ки ин неъмати муқаддасро нохалафе зери по гузорад. Вазъи баамаломадаи ҳамсоя кишвари Қирғизистон дахолат карданро намепазирем, аммо нигаронкунанда он аст, ки чашм ба сарзамини мо дӯхтану ноором сохтани як гӯшаи биҳиштосои Тоҷикистон мо шаҳрвандони кишварро водор сохт, ки ба даст силоҳ гирему хоки аҷдодиамонро ҳифз намоем. Бо чиғ задани шағол, шерҳо намеҳаросанду бешаи худро тарк ҳам намекунанд, луқмаи хешро низ то ба охир фурӯ бурда комронӣ мекунанд. Ҳар қатра оби Ватан, ҳар гарди хоки Ватан ва ҳар ниҳолу ҳар санги Ватан барои мо Тоҷикистониён аз тахти Сулаймон, аз ганҷи Қорун боло буд ва барои пойдориаш ҷоннисорӣ намуданро шаъну шарафи ватандорӣ меҳисобем. Шаҳрвандони кишвар аз амнияту сулҳу суботи кишвари хеш меболанд, сарфарозӣ мекунанд, ки чунин сарвари оқилу доно ва сиёсатмадори бузургест, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муарифӣ намудааст.

    Мо бовари дорем, ки муносибати Тоҷикистон бо дигар кишварҳои ҳамсоя хеле хуб ва самимӣ мебошад. Шахсан аз заҳмату талошҳои Пешвои миллати мо чандин сиёсатмадорони ҷаҳон ибрат гирифта, аз чунин корҳои сар-сарӣ анҷом додаи давлати Қирғизистон ҳушёр шуда, нисбати Тоҷикистон робитаҳои дипломатии хешро дар сатҳи баланд идома медиҳанд.

Қудратов. Ф, сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну

маросимҳои Ҷамоати деҳоти Навбаҳор

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.