Сулҳу ваҳдат аз нигоҳи мо ҷавонон

   Дар таҷрибаи инсоният масъалаи ягонагӣ, ҳамдили Ваҳдат ва сулҳ аз ҳама бештар мавриди таваҷҷӯҳ ва баррасӣ қарор ёфтаанд. Мафҳуми “Ваҳдат” дар соҳаҳо ва равияҳои гуногуни илми муоссир зиёд дучор омада, категорияи маъмул ва серистифодаи фалсафӣ маҳсуб мешавад. Дар робита ба ин, дар фалсафа, ки дар илм дар бораи “оламу одам” низ номида мешавад, масъалаи мавҷудияти олами объективӣ ё худ ҳастии воқеӣ бо тамоми алоқамандиву ҳамбастагии кулли ашёҳо ва ҳаводисаш, дар пояи Ваҳдат пайдо шуда ва пойдор буда дониста мешавад. Дар ягонагӣ ва воҳид будани олами ҳастӣ аз гуногуншаклӣ, гуногун рангӣ ва пуртазодии кулли ашё ва ҳаводиси воқеии ом, ки дар алоқаву вобастагии тарафайн қарор доранд, пайдошуда дониста мешавад.

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

 

Пас, Ваҳдат мисли олами объективӣ ҳақиқати мутлақест, ки ҳастии воқеии мураккаб ва низому тартиби муайян дошта, ҳамбастагӣ ба Офаридгорро инъикос менамояд. Ваҳдату ягонагӣ агар самимӣ ва фазои озод дошта бошад, дар одамон эҳсоси ҳаловатбахшӣ ва худ ризоят ба вуҷуд оварда, дар ин замина талош ё амали онҳоро баҳри иҷрои ҳадафҳо бавуҷуд меорад.Тоҷикон аз гуногугии қавму миллатҳои маскуни ватанамон дар бим нахоҳад буд, онҳо дар афкору андеша, ҳадафу ниятҳо ҳуқуқу озодиҳо ва талошҳои дигар баҳри саодати зиндагӣ якхела бошанд. Ҳар кадами Сарвари давлати мо дар роҳи расидан ба Ваҳдат ба даҳҳо китоб меарзад. Таърих ба ӯ аллакай баҳои сазовор дод. Асрҳо мегузаранд, наслҳоро наслҳо иваз мекунанд, вале кори рустамонаи ӯ чун хатти заррин дар китобҳои баъдина хоҳад монд. Суханони баъдтар гуфтаи Сарвари давлат “Кори сулҳи тоҷикон кори худи тоҷикон аст” нишонаи бовари ба миллати сулшпешаву Ваҳдатхоҳаш буд. Мо ҷавонон даврони Истиқлол шукрона аз он мекунем, ки дар чунин давлати тинҷу ором зиндагонӣ дорем.

Касе, кӯ боварии халқро арзанда мегардад,

Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

Ф.Қудратов, мутахассис дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Навбаҳор

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.