Кӯшониён: Баргузории иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён

    Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти Раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам ва бо иштироки вакилон, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳо, мудирони шуъбаю бахшҳо ва сарварони муассисаҳои таълимӣ, ки вакил нестанд бо риояи талаботҳои беҳдошти иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён даъвати шашум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия аз 5 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

    1.Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 27 январи соли 2017, №82 оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 20 декабри соли 2016, №261 “Дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №504 “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаи рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021”.

   2. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 19 феврали соли 2020, оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 январи соли 2020, №9, дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2023”.

   3. Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаи тараққиёти саноат, энергетика, сохтмону меъморӣ, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии роҳ.

    4. Ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Меҳнатобод” №9, Нуралиева Муҳаббат.

   5. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, даъвати шашум аз ҳавзаҳои интихоботии Меҳнатобод №10, Меҳнатобод №11 ва С.Истиқлол № 26, таъин намудани рӯзи интихобот дар ҳазаҳои интихоботии Меҳнатобод №10, Меҳнатобод №11 ва С.Истиқлол № 26 ва ташкил намудани Комиссияи ҳавзаи интихоботии ноҳиявӣ оид ба интихоб намудани вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён.

    Аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия, Абубакри Файзалӣ, мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Амриддин Иброҳимзода, муовини раиси ноҳия Шариф Сафарзода, муовини раиси ноҳия Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия баромад намуданд. Инчунин якчанд вакилон аз рӯи масъалаҳои баррасишуда ба музокира баромаданд. Дар фарҷоми кори иҷлосия, муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам, вобаста ба масъалаҳои кори иҷлосия фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Бо ҳамин раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин Сироҷиддин кори иҷлосияро ҳусни анҷом бахшида, вобаста иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолони вилоят доир гардида буданд, ҳамзамон ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани рӯзи Ваҳдати миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

2_102.jpg 4_84.jpg 5_75.jpg 6_62.jpg 7_56.jpg 8_51.jpg 9_39.jpg 10_30.jpg 11_46.jpg 12_47.jpg 13_40.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 3 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.