Рӯзи 24 июни соли равон, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахшида ба 26 июн "Рӯзи байналмилалии мубориза бо нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар" ва татбиқи амалии "Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030" бо иштироки Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, Иноятулло Сайфуллозода, корманди Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон, Саидҷалол Маҳмадов, ваколатдори калони Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо фаъолони ноҳия вохӯрии судманд доир гардид. Мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо ва ҷамъомадҳо ин пеш аз ҳама пешгирӣ намудани сади роҳи нашъамандию нашъаҷалобӣ, даст назадани ҷавонон ба ин амали номатлуб ва бедор намудани ҳиссӣ масъулиятнокии аҳолӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ мебошад.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён