ТАБРИКОТИ раиси ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, бахшида ба рӯзи «Ваҳдати миллӣ»

    Ҳозирини гиромӣ!

   Имсол аз имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бисту чор сол сипарӣ шуд ва мо ҳама насли калонсол хуб огаҳӣ дорем ва шоҳид ҳастем, ки дар баробари ба даст омадани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари мудохилаи ошкор аз хориҷи кишвар, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонид. Мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус сокинони вилояти Хатлон ва ноҳияи Кӯшониён, ки маркази даргириҳо буд, оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандон ва ҳисороти азими иқтисодӣ гардид.

   Бинобар ин бо шукргузорӣ аз суботу оромие, ки дар кишвари азизамон ҳукмфармост тамоми мардуми шарифи ноҳия ва дар симои Шумо куллӣ ҳамдиёрони азизро ба ифтихори рӯзи «Ваҳдати миллӣ» самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо оромию осудагӣ хоҳонам ва орзуи онро дорам, ки Ваҳдати миллӣ дар диёри соҳибистиқлоли мо ҷовидона пойдор бошад. Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси ноҳия барои мустаҳкам гардидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи осудагии кишвар, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, рушду тараққиёти давлат ва ободии Ватани азизамон талош менамояд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи азими роҳбарони ҳизбҳои террористиву экстремистӣ, яъне хоинону душманони миллати тоҷик ба давлати тозаистиқлоли тоҷикон рух дод. Мақсади асосии онҳо дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зӯран ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳанги бегона буд.

    Аз ин лиҳоз, хиёнати содиркардаи ин хоинони миллатро мардуми Тоҷикистон ва таърихи халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Дар ин раванд, мардуми мо, хусусан, наврасону ҷавонон бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки ваҳдати миллии тоҷикон саҳлу осон ба даст наомадааст. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон, бар ивази ҷони ҳазорон нафар чавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст. Бинобар ин, имрӯз бори дигар бо ифти­хор иброз менамоям, ки маҳз бо ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии бевоситаи халқи кишварамон таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Вахдати миллӣ ба даст омадааст ва ин хизмати бузургу таърихии халқи тоҷик аст.

   Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад. Нақшаву барномаҳои қабулкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳанд, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми ноҳияи Кӯшониён пайгирона амалӣ шуда истодаанд. Қобили зикр аст, ки сокинони ноҳияи мо, хусусан ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллатамон – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Чумхурии Точикистон содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд. Яъне дар раванди ободонии ноҳияи Кӯшониён имрӯз саҳми ватандӯстонаи хурду бузурги ноҳия, соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва ҳамдиёрони бурунмарзӣ торафт бештар мегардад.

Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи онҳо барои заҳмати софдилонаву содиқонаашон миннатдории самимӣ баён менамоям.

   Ҳамдиёрони азиз!

   Ҳозирини гиромӣ!

   Мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷаво­нон, ки насли ояндасози кишвар мебошанд, ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки баъзе хоинони миллату давлати тоҷикон ҳанӯз аз ниятҳои душманонаашон даст накашидаанд. Бинобар ин, мо бояд доим ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ва барои ҳимояи муқддастарину бузургтарин неъмати ҳастию зиндагиамон, яъне истиқлолияту ваҳдати кишварамон омода бошем.

    Ҳамдиёрони азиз!

   Имрӯз мушкилоти экологӣ, яъне тағйирёбӣ ё гармшавии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, аз чумла хушксолӣ, беобӣ, обхезӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз қабили пандемияи КОВИД-19 ҳаёти миллионҳо на­фар сокинони сайёраро таҳти хатари чиддӣ қарор додаанд. Дар чунин шароит табиист, ки аҳаммият ва нақши худшиносии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа ва манфиатҳои давлату миллат беш аз ҳар вақти дигар меафзояд. Бинобар ин бовар дорам, ки хурду бузурги ноҳия минбаъд низ таҳти парчами истиқлолу озодӣ тамоми кӯшишу талоши худро ба хотири пешрафту ободии ноҳия ва осоиши ҳар як фарди ноҳия сафарбар месозанд. Бори дигар кулли мардуми шарифи ноҳия ва Тоҷикистон маҳбубамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба ҳар як сокини ноҳия, пеш аз ҳама, саломатӣ, сулҳу оромӣ, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон вахдати ҷовидонаро орзу менамоям.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бошад,

Ҳамдиёрони азиз!

 

 

 

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.