Имрӯз, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва дигар шахсони расмӣ, дар маркази ноҳия шаҳраки И.Сомонӣ маркази хизматрасонии “Исмоил”, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Хоҷаев Садриддин сохта шудааст, дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур аз 2 ошёна иборат буда, бо тарҳи зебо ва талабгӯ ба меъёрҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ бунёд гардидааст, Маркази хизматрасонӣ аз мағозаи фурӯши маҳсулоти сохтмонӣ, дорухона ва маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ иборат мебошад. Баъд аз шиносоӣ бо иншооти мазкур, дар саҳни марказ бо иштироки сокинони шаҳрак ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, ки Имомзода Муҳаммадюсуф ва роҳбарияти ноҳия суханронӣ намуда, кулли сокинони шаҳракро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуданд. Дар ҳамин ҷо низ ба соҳибкор С.Хоҷаев, барои саҳм гузоштан дар ободонию созандагӣ Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз тарафи меҳмони гиромиқадр супорида шуд. Сипас бо иштироки Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ноҳия, дар деҳаи Хушвахти Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия Маҷмааи муҳташами хизматрасонӣ майдончаи варзишии замонавӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншоотҳои мазкур аз тарафи соҳибкорӣ маҳаллӣ, Давлатов Алимаҳмад бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Маҷмааи хизматрасонӣ аз тарабхона, кошонаи ҳусн, сартарошхона, ҳуҷраи раиси маҳалла, мағоза, толори варзишӣ, сехи дузандагӣ, ошхона ва мағозаи фурӯши либосҳои миллӣ ва аврупоӣ иборат буда, беш 18 нафар сокинони деҳа бо ҷои кори доимӣ таъмин гаштанд. Дар ҳамин ҷо ба соҳибкор Давлатов Алимаҳмад, аз тарафи меҳмони гиромиқадр Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуда, сипас роҳпаймоии сокинони деҳа ва Ҷамоат доир гардида, чорабинии хурди фарҳангӣ пешкаши меҳмонон гардонида шуд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён