Имрӯз, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти роҳбарии раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин бо иштироки фаъолони ноҳия Ситоди кори вобаста ба омодагиҳои ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ноҳиядори мавриди барраси қарор гирифтанд. Раиси ноҳия сараввал аз масъулинро муввазаф намуданд, ки минбаъд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ситодҳои корӣ ҳамарӯза гузаронида шуда, оид ба омодагиҳо ва корҳои ташкилӣ ба ҷашн мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Махсусан чорабиниҳо бо риояи талаботҳои беҳдоштӣ, бо ҷалби васеъи кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинони ноҳия гузашти низомӣ ва ҷамъомадҳои тантанавӣ дар рӯзҳои муайянгардида, дар сатҳи баландӣ сиёсӣ бояд баргузор гарданд, қайд намуданд раиси ноҳия. Ҳамзамон дар кори ситод масъалаи мубрами рӯз, риояи талаботҳои беҳдоштӣ, ваксинатсияи аҳолӣ, корҳои оммафаҳмонӣ, иҷрои бо сифати кишти такрорӣ, нигоҳубини дуруст ва парвариши пахта, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет, пардохти хизматрасонии оби полезӣ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён