ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, бахшида ба “Иди касбии кормандони соҳаи тиб”

Муҳтарам кормандони

соҳаи тандурустӣ!

Табибони хозиқу ғамхор!

Пеш аз ҳама аз ин фурсати муносиб истифода бурда, бори дигар, ҳамаи Шуморо ба ифтихори ҷашни иди касбиатон, рӯзи кормандони соҳаи тиб самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумо дар иҷрои вазифаи басо мушкилу масъулиятнок барору комёбиҳо ва сарбаландиҳоро орзу менамоям. Дар даврони соҳибистиқлолии худ кишвари ҷавони мо, бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Насли калонсоли имрӯза шоҳиданд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бинобар вазъи ноороми мамлакат,бо сабаби маблағгузории нокифоя ва норасоии доруворӣ соҳаи тандурустӣ самаранок фаъолият карда наметавонист. Имрӯз бо қаноатмандӣ зикр карда метавонем, ки маҳз бо иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар, сол ба сол маблағгузории соҳаи тандурустӣ афзуда, садҳо иншоотҳои нави тиббӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳамзамон муассисаҳои мавҷудаи тиббӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба таъмин карда шуданд. Дар ноҳияи мо низ дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ҷалби маблағҳои грантӣ дар самти дастрасӣ ва беҳсозии сатҳу сифати хизматрасонии тиббиву беҳдошти саломатии аҳолии корҳои назаррасе ба сомон расонида шудааст.
Баҳри баланд бардоштани хизматрасонии сифатноки тиббӣ ба аҳолӣ ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳифзи модару кӯдак ва саривақт бартараф сохтани паҳншавии бемориҳои сироятӣ, дар муассисаҳои тиббии ноҳия ва баҳри ҳифзи саломатии мардум 1549 нафар кормандони тиб, аз ҷумла 135 нафар духтурони маълумоти олидор, 857 нафар ҳамшираҳои тиббӣ, 557 нафар кормандони хурди тиббӣ ва кормандони техникӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

     Инчунин дар ҳудуди ноҳия дармонгоҳи марказии ноҳия, марказҳои стомотологӣ, тиббӣ-оилавӣ, марказҳои диспансерии бемориҳои пӯст, сил, ташаккули тарзи ҳаёти солим, вируси норасоии масъунияти одам, солимии репродуктивӣ, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, 46 адад бунгоҳои тиббӣ, 23 адад марказҳои саломатии деҳотӣ фаъолият доранд.Бояд қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳоро дар соҳаи тандурустӣ самти афзалиятнок арзёбӣ намуда, тибқи нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-адад марказҳои саломатӣ, 20- адад бунгоҳҳои тиббӣ сохта ба истифода дода шуд, ки барои хизматрасонии сифатноки тиббӣ сифатноки тиббӣ мусоидат менамояд. Ба ҳамаи шахсоне , ки дар ҷалби соҳибкорон ва роҳнамоии онҳо барои сохтмони муассисаҳои тиббӣ саҳм гирифтаанд ,миннатдории мақомоти иҷроияро мерасонем. Дар воқеъ ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки таи ду сол боз бемории сироятии COVID-19 имрӯзҳо кулли ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст, ба ҳамаи самтҳои фаъолияти инсоният таъсири манфии худро расонда истодааст. Бояд қайд намуд, ки табибони ноҳияи мо низ бар зидди ин вабои аср мубориза бурда чораҳои таъхирнопазир андешиданд, ки фаъолияти табибони ҳозиқ натиҷаи мусбат ба бор оварда, ба он мусоидат кард, ки теъдоди гирифторони ин беморӣ ба маротиб коҳиш ёбад ва шиддати паҳншавии он зуд пешгирӣ гардад. Дар ҳақиқат табиби воқеӣ бояд ҳалиму хоксор ва одоби хуби муошират дошта бошад. Ва бо ин хислат фаъолияти харрӯзаи хешро огоз карда , ба касби худ бо дасти поку калби тоза ва нияти нек муносибат намояд. Имрӯзҳо мову шумо дар арафаи таҷлили ҷашни мубораки давлатиамон, яъне 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми дастовардҳои таърихи навини халқи тоҷик аз он маншаъ мегирад, қарор дорем. Бори дигар аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шуморо бо ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбиатон табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумо - ворисони фарзанди бузурги миллати тоҷик Абӯалии Сино саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод, барои Тоҷикистони азизамон осмони софу беғубор, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва сулҳу суботи ҳамешагиро бароятон орзу менамоям !

5_77.jpg 

Ҳамеша саодатманду сарфароз бошед!

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.