Имрӯз, бо риояи талаботҳои беҳдоштӣ, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти роҳбарии раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва бо иштироки мудирони шуъбаю бахшҳо, кормандони соҳаи тандурустии ноҳия, ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 18 август "Рӯзи табибони Тоҷикистон”, ҷамъомадӣ тантанавӣ баргузор гардид. Сараввал раиси ноҳия дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, қайд карданд, ки боиси ифтихору сарфарозӣ ва иқболи накӯи ҳар яки мост, ки иди имсолаи касбии соҳаи тандурустӣ, дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддаси миллиамон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Имрӯз бо қаноатмандӣ зикр карда метавонем, ки маҳз бо иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар, сол ба сол маблағгузории соҳаи тандурустӣ афзуда, садҳо иншоотҳои нави тиббӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳамзамон муассисаҳои мавҷудаи тиббӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба таъмин карда шуданд. Ҳамеша шукргузор азон ҳастем, ки ин маҳфил ва дигар лаҳзаҳои зиндагии мо дар фазои сулҳ, осоиштагӣ ва тинҷиву оромӣ сурат мегирад. Воқеият аст, ки рӯзгори осуда ва амнияти комил бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби ҳар яки мову фарзандони мо гардидааст, қайд намуданд раиси ноҳия. Ҳамзамон дар ҷамъомад якчанд кормандони фаъоли соҳаи тандусрустии ноҳия суханронӣ намуда, ҳамкасбони худро бо ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда, миннатдории аҳли соҳаи тандурустии ноҳияро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои дастгириҳои пайваста баён намуданд.
Дар фарҷоми ҷамъомад, ба роҳбарияти соҳа, собиқадорон, табибон ва ҳамшираҳои шавқат Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён