Андеша:Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табиати дилфиребу афсонавӣ, кӯҳҳои сарбафалаккашида, рӯдҳои шӯхи кӯҳӣ, оби чашмаҳои мусаффо як сарзамини биҳиштиро мемонад. Дар даврони 30- соли Истиқлолият кишвари мо таҷассумгари тамаддуни бузурги миллатамон гардид. Маҳз, бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ, бунёди иншоотҳои бузурги аср, сохтумони макотибҳои олию миёна, боғу гулгаштҳои сабзу хурам, баргузории садҳо чорабиниҳои аҳамияти байналмилалӣ дошта нуфузи кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ ба маротиб афзун гардид. Бояд қайд намуд, ки миллати тоҷик асрҳои аср бо шукуҳу шаҳомат ва бо фасоҳату балоғаташ қалби пажӯҳишгарони оламро тасхир намудааст. Дар дарозои таърих миллати тоҷикро бо истеъдодҳои созанда ва ашхоси соҳибдарку соҳибзавқаш мешинохтанд ва эътироф мекарданд. Тоҷикистон аз рӯзе, ки давлати соҳибистиқлол гардид, сиёсати « Дарҳои кушодро» эълон дошт. Мо имруз бо зиёда аз 130 давлати дунё ҳамкории иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дорем ва имрузҳо ҳазорон нафар меҳмонони хориҷӣ барои саёҳат ба кишвари мо раҳсипоранд. Имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҳар гӯшаи Тоҷикистон ба гулистон табдил ёфтааст. Мардуми кишварамон 9- сентябри соли равон ҷашни 30- солаги Истиқлолияти давлатиро бо тантана ҷашн мегиранд ва омодагиҳо баҳри таҷлили ин ҷашни бо шукуҳ дар тамоми қаламрави Ҷумҳуриамон бо маром идома дорад. Ҳар яки мо барои табдил ёфтани Тоҷикистон ба давлати нерӯманду пешрафта ва кишвари боз ҳам ободу осуда саъю талош менамоем. Шукрона мекунем, ки дар давлати орому осуда, дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ зиндагӣ дорем.Воқеаҳои охирини Афғонистон,ғасби Толибон ,фирори Президенти кишвари Афғонистон Ашраф Ғанӣ,аҳволи шигифтангези мардуми ин кишвари ҷангзада моро як сабақи бузургест. Аз ин рӯ, мо бо масъулияти баланди ватандорӣ марзу буми Тоҷикистонро соҳибӣ ва ҳифз мекунем,аз манфиатҳои давлату миллат пуштибонӣ намуда, ба ҳамватанони худ ваҳдату ягонагӣ ,ҳувияти миллӣ ва ҷаҳду талошро барои тараққиёти Тоҷикистон ҳидоят менамоем.
Неъматуллоева С. мутахасси шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён