Истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳама гуна халқу миллат ба шумор меравад. Шарофати ҳамин истиқлолият аст, ки мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем. Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе доранд. Дар таърихи навин волотарин дастовард – соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хурдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ амали гардид. Моҳҳои август-сентябри соли 1991 айни аз ҳам пош хӯрдан ва ба саҳифаи таърихи гузаштаи инсоният навишта шудани номи як вақто абарқудраттарин давлати ҷаҳон – ИҶШС, ҳамаи 15 Ҷумҳуриҳои Иттиҳодӣ Шӯравӣ яке пешу дигаре баъдтар ба давлатҳои мустақил табдил ёфта, соҳибистиқлол гардидаанд. Дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 09 сентябри соли 1991, рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд ва аз ҳамон вақт инҷониб мардуми сарзамини куҳандиёри тоҷикон ин санаи таърихиро ҳамчун оғози таърихи навтарини худ тантанавор љашн мегиранд. Тоҷикистони мо баъди ҳазор соли паҳну парешонӣ, азияти вазнини зердасти давлатдории бегонагонро кашидан, давлати озод, соҳибистиқлол эълон шуд. Ҳарчанд соли 1924 Тоҷикистон бо номи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳайати РСС Ӯзбекистон, чун давлати мухтори соҳибихтиёр соли 1929 ҳамчун Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ эълон шуда бошад ҳам, аммо ба маънои томаш соҳибихтиёр набуд. Вай ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравии абарқудрат-ИҶШС ворид буд.
Маҳз дар даврони Шӯравӣ Тоҷикистон рушду равнақ ёфт, баъди гузашти айёми пурпечутоб аз давраи фанои давлати Сомониён ва зердасти замон дорони Манғит тоҷикон соҳиби давлатдории худ гардидаанд. Истиқлолият барои Тоҷикистон осон ва сабук ба даст омад, аммо нигоҳ доштани он хеле гарон афтод. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр бояд сохти давлатдориашро муқаррар мекард. Сарвари давлат, қонуни асосии худ-Конститутсия, ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, суду прокуратура, сохторҳои маҳаллӣ, мақомоти давлатӣ, артиши миллӣ ва ғайра атрибути давлатдориро мебоист дошта бошад. Пеш аз ҳама, мебоист ҳиссаи худро аз тақсими мероси собиқ ИҶШС ба даст меовард…
Рӯзи 9 сентябри соли равон, мардуми кишварамон, аз ҷумла ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳисси ифтихору сарбаландӣ 30-юмин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Дар остонаи ин ҷашни фархунда мо беихтиёр замони ташкилёбию роҳи пуршарафи пай намудаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки кафили сулҳу амонӣ ва истиклолияти кишвар мебошад, пеши назар меорем. Баъди аз ҳам пош хӯрдани собиқ Ҷумҳурии Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти аҳамияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз ҷузъу томҳои дар сарзаминамон будаи собиқ Артиши номдору пурқудрати Шуравӣ васоити техникии мухталифи ҷанги ва яроқу аслиҳаи гуногун ва муҳимоти ҷангиро «мерос» гирифтанд. Вазъи душвори ҳарбию сиёсии он солҳо мутаассифона имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси бою ғании муҳиммоту яроқу аслиҳаи Артиши Иттиҳоди Шуравӣ бархурдор гардад. Мутаассифона он замон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҷузъу томҳои нав аз ҷанги Афғонистон баромадаи дивизияи тирандози 201-ум ҷойгир буд. Мутаассифона, он замон дар Тоҷикистон алангаи пуршиддати ҷанги дохилии шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тӯлони гардидани ин муноқишаи дохилӣ гардад. Раванди ҳодисаҳои баъдӣ исбот намуд, ки дар ихтиёрии Россия мондани дивизияи 201-ум, ягона роҳи ҳалли дуруст ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон будааст. Фишорҳои дохиливу хориҷӣ ба раванди давлатдории навини тоҷикон таъсири манфӣ мерасонд. Маҳз дар чунин шароит мухолифатҳои бошиддат асосҳои сохтори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Давлати навтаъсис дар як замон вазифаҳои ташкили механизми сиёсӣ, ба вуҷуд овардани фазои ҳуқуқи идоракунии соҳҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таъмини тартиботу беҳтарин ҷамъиятӣ ва дар айни замон ҳимояи истиқлолиятиро ба ӯҳда дошт. Новобаста аз вазъияти ба амал омада сиёсати дуруст ва фаъолияти бобарори роҳбарияти давлату ҳукумат дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ оташи ҷанги дохилро хомӯш карда, вазъи сиёсии мамлакат ба эътидол омад. Имсол, шукри Худои бузург, ки 30-солагии Истиқлолияти давлатиамонро дар як фазои сулҳу оромӣ ҷашн мегирем. Вале ҳамагӣ 28 сол пеш кам касоне дар фикри таљлили ҷашни истиқлол буданд. Зеро дар сангарҳои набарди байни ҳукумат ва мухолифин хун мерехт, хуни тоҷики азиятдидаву бадбахтгашта. Нахуст лозим буд, ки ин хунрези қатъ гардад. Қатъ гардидани ихтилофот дар мамлакат имконият фароҳам овард, ки артиши миллӣ ба мустаҳкамкунии таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои ҷангию тактикӣ ва такмили омодагии ҷангии онҳо оғоз намуд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки хизматчиёни ҳарбию ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар тӯли қариб 30 соли фаъолият дар ҳама лаҳзаҳои душвор, ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои истиқлолият, пойдории сулҳу суббот ва сохтори конститутсионӣ омодагиро барои ҳифзи Ватан ва ҷони худро дар роҳи Ватан нисор кардан тайёр буданашонро исбот карданд. Мо ҳаргиз қаҳрамонию ҷоннисории онҳоро нахоҳем фаромӯш кард. Дар давоми 30-соли истиқлолият ва 26 соли ташкилёбии Артиши миллӣ, ҳайати шахсӣ дар чандин машқҳои муштарак бо давлатҳои хориҷаи дурру наздик иштирок намуд. Ҳамкориҳои ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои гуногун ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ сол аз сол ривоҷу равнақ меёбад. Имрӯз сафҳои Артиши миллӣ аз ҳисоби низомиёни касбӣ, ки мактабҳои ҳарбии дохилию хориҷии дуру наздикро хатм кардаанд, мукамал гардидааст. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муққадаси ҳар як шаҳрванд аст. Аз ин рӯ, бо назардошти вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳайати шахсӣ ба ҳисоб гирифтани интизоми баланд дар адои хизмати ҳарбӣ, такмили малакаю маҳорати ҷангӣ ва обутоби ҷисмонӣ мо бояд ин вазифаи худро бо ҳисси ифтихор ва масъулият иҷро намоем. Ин масъалаҳо таҳти шиори «30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо омодагии баланди ҷангӣ ва омӯзишу такмили маҳорати ҷангӣ ва интизоми намунавӣ истиқбол мегирем!». Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳайёти мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонаги гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вақте, ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад. Имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу суббот, осоиштагии мардуми сарзаминамон-ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлолият доранд ва онҳо метавонанд хотирҷамъ таҳти муҳофизати ин Артиш меҳнату ҳаёти осоишта намоянд. Акнун халқи Ҷумҳурии Тоҷикичтон метавонанд бод или пуру хотири ҷамъ аз самараи Истиқлолияти Тоҷикистон баҳра баранд. Мо ҷавонони Тоҷикистон, ки масъулияти эминию озодӣ ва тақдири ояндаи мамлакату миллатамонро ба дӯши худ гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша ба кору фаъолияти нек ҳидоят намоем.
«Зи нури поки Истиқлол
Саропо мо дурахшонем
Ба роҳи худшиносиҳо
Қадам мардона мемонем»
Ҷамшед Ашуров, сармутахассиси дин, танзими анъана ва
ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти «Ориён»-и ноҳияи Кӯшониён