Вокуниш: Воқеаҳои Афғонистон имрӯзҳо дар саросари олам расонаӣ гардида, мавриди баҳсу нигарониҳо гаштааст. Мардуми Афғонистони ҳамсоя беш аз 40-сол аст, ки аз фазои ноором, хунрезиву террерҳои ғайричашмдошт ва низоъҳои мусаллаҳона азият мекашанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда воқеаҳои охирин, ки ҳаракати радикалии Толибон дар Афғонистон ба сари қудрат омаданд ва барои бунёди давлати исломӣ омодагӣ мебинанд, вазъияти сиёсӣ бозҳам печидатар гардидааст. Имрӯзҳо дар ин кишвар таркишу вайрон кунии амният ва кушторҳо ба маротиб зиёд ба назар мерасад, ки басо нигаронкунанда мебошад. Тоҷикистону Афғонистон ҳамсоя кишвар буда, чӣ аз ҷиҳати забон ва урфу русум ба ҳам хеле наздикӣ доранд. Ҳамсоя кишвари мо, ки имрӯз ноорому ҷангзада гардидааст, мо низ аз он хеле дар ташвиш ҳастем. Хуб мешуд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон ба ин мардуми азияткашида, ки рӯзҳои сахту вазнинро аз сар мегузаронанд, кӯмак мерасониданд. Мо тарафдори он ҳастем, ки ҳарчӣ зудтар сулҳу Ваҳдат дар ин минтақа баргузор гардад. Аз ин воқеаҳои ба амал омада, хусусан душманон, террористон ва тарафдорони давлати исломӣ сӯистифода намуда, вазъи муракабро бозҳам ташвишовар карда истодаанд. Агар вазъият ҳаминтавр идома ёбад, шакке нест, ки гурӯҳои террористиву экстермистӣ фаъолияти худро дар Афғонистон густариш диҳанд. Мо имрӯз нисбати мардуми Афғонистон, ки дар ин кишвар бе қонунӣ зуҳур гардидааст ва нисбати мардуми он куштору ғоратгарӣ ва таъқибу зулм равона гардидааст, маҳкум менамоем. Тарафдори онем, ки бо ёрии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин кишвар сулҳу салоҳ аз нав пойдор гардад.
Шомалангова.М, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён